Имрӯза Тоҷикистони демокративу ҳуқуқбунёд дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ниҳоят ҳоли харобу зор дошт. Аллакай ҳамон солҳо ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо бо мақсади соҳиб шудан ба вазифаву моликият байни халқ шӯриш андохта, ҷанги шаҳрвандиро сабаб шудаанд. Боиси таасуф аст, ки ба ҳамаи пешравиҳои Тоҷикистон нигоҳ карда, боз ҳастанд нафароне, ки мафкураи идеологии кишварро ба роҳҳои тундрав ҳидоят мекунад. Албатта мубориза дар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, функсияи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд. Дар арсаи сиёсати оқибатҳои бесаводӣ, беилмии шахсони номбурда ба ҳаракатҳои мусаллаҳона табдил ёфт,ки ғаразҳои номатлуби хешро зоҳир карданд. Мо шоҳиди он гаштем, ки чанд нафар шахсони бегуноҳ қурбони амалҳои ин ҳизб гаштаанд: модар аз фарзанд ҷудо, фарзанд аз падар ҷудо. Хол он ки дар дини мубини Ислом ва танҳо куштор гуноҳи азим, балки озор додан ҳам гуноҳ аст. Аз ҳамин хулоса карда,чунин мегӯем,ки ин шахсон аз динну диёнат ҳам бехабаранд ва лофҳои бардурғ ба номи Худованду ислом мезананд. Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ба базаи иҷтимоии он ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихи – фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд.
Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ, кай ва дар куҷо ва кадом мақсад рух додааст. Дар аҳли қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гуруҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафганӣ мехостанд, мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Фирефташудагони ин равияҳои ғаразнок, шахсони дур аз камолоти маънавӣ буда тамоми вуҷудашонро нобоварӣ норозигӣ ва эътирози ниҳоӣ фаро гирифтааст, онҳо ҳадафҳои ниҳонии таҳрибкорон- пешвоёни худ ғофиланд, ба онҳо ғайр аз тақлидкорӣ, худфидокунӣ,тобеияти қатъӣ чизи дигареро ҳам талқин намекунанд. Агар ақлу хиради худшиносӣ, заковати солим медоштанд, шукргузориро пеша карда, қалби худро аз ғарази амволпарастӣ, кинаву адоват озод мекарданд. Албатта, рафтору муносибати онҳо нисбати худ, ҳаёти осоиштаи мардум, дастовардҳои халқу миллати худ, наслҳои оянда дигар мешуд. Хушбахтона, ҷомеаи яктану муттаҳид, соҳибваҳдату тамаддунофари Тоҷикистон ҳамаи давру замон баҳри якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ ҳамеша дар гирди роҳбарияти олии кишвари азизамон сарҷамъ ҳастанду нерӯи ақлию ҷисмонии худро баҳри орому осудагии Ватани зебоманзарамон сарф менамоянд. Ягон нохалаф ба мақсадҳои муғризаш намерасад, зеро Тоҷикистон макони ободу сулҳофар асту боқӣ мемонад.
Мудири шуъбаи умумии
кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Спитамен Калматова Д.