ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ МИРОБ
Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30-апрели соли 2021, рақами 7 “Дар бораи гузаронидани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ” ва барқияи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ дар вилояти Суғд санаи 17-уми июни соли 2021 дар ташкилоти ибтидоии Мироб маҷлиси ҳисоботӣ гузаронида шуд. Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии масъалаҳои зерин: Ҳисоботи шашмоҳаи ташкилоти ибтидоӣ, Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва масъалаҳои ҷорӣ дида шуд. Аз руйи масалаи якум шахси масули ташкилоти ибтидоии Мироб Қӯзиева Шаҳноза баромад намуда, оид ба фаъолияти шашмоҳаи ташкилоти ибтидои ҳисобот дод. Аз руйи масаълаи дуюм Раиси ташкилоти ибтидоӣ Норалиев Ш интихоб карда шуд. Дар охир мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроия Муҳитдинова Умедахон баромад намуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш эътироф намуд. Сипас бо ҷашни 24-солгарди Ваҳдати миллӣ ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи аъзоёни ташкилоти ибтидоиро табрик намуд.