Рубрики
Асосӣ

СПИТАМЕН: Сафи аъзоёни ҲХДТ меафзояд

Боиси ифтихор ва хурсандист, ки имрӯз сафи аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен аз ҳисоби занону ҷавонон афзуда истодааст.

Дар асоси нақшаи кории кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен дар муасиссаи давлатии томактабии №10 бо иштироки кормандон ва мураббиягони муасисса мизи мудаввар  таҳти унвони “Шаҳодатномаи ман – ифтихори ман” баргузор гардид. Баъдан аз ҷониби мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Меҳрангез Абдураҳмонова оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ҳамзамон, тавсияи пизишкон оид ба риоя намудан ва муҳимтар аз ҳама ваксинаро дар нуқтаҳои тиббии ҳудуди маҳалли зист гирифтани кормандону мураббиягон суҳбати кушод гузаронида шуд.

Дар хотима ба як қатор аъзоёни нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *