Рубрики
Uncategorized

Спитамен: Хиёнатро на Худо мебахшаду на бандааш…”

     Вокуниш: Аз тарафи як гуруҳ ҷинояткорон сар задани амалиёти ҷиноятӣ имрӯз ҳар як нафар шаҳрвандӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бетараф намемонад. Имрӯз вақти он расидааст, ки баҳри ободии Ватан ҳар яки мо сарҷамъ, гашта баҳри рушду ободии диёр саҳми худро гузорем. Зеро сарвари давлатамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон борҳо таъкид намудаанд, ки “Хиёнатро на Худо мебахшаду на бандааш”.  Дар шароите,  ки имрӯз дар марзу буми ҳамсоя давлатамон Афғонистон солҳои зиёд ҷанг мераваду як гуруҳ ҷинояткорон гӯё бо номи исломӣ давлатро даст гирифтан мехоҳанд. Дар натиҷаи ин баъзе давлатҳои манфиатҷӯ ҳастанд ва аз натиҷаи ҷанг танҳо халқи оддӣ азият кашида, қисми зиёде роҳи фирорро ба хориҷа пеша карданд, дигар қисм бошанд аз гушнагию ташнагӣ азият мекашанд. Агар мо Ҷанги мудҳиши шаҳрвандиро, (солҳои 1993-1997) фаромӯш карда бошем, магар ҷанги нотамоми Афғонистон ба мо дарси ибрат нест? Ба ҷавонон ва сокинони Бадахшонзамин гуфтаниям.   Имрӯз вақти ҷанг бардоштан ё шӯриш нест! Имрӯз вақти он аст, ки мо муттаҳид бошем. Шукри обу шукри хоку шукри оромӣ кунем. Баҳри амнияту давлат ва фардои миллат бетараф набошем. Зеро ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонони бофарҳанг аст! Хоинон ва бадхоҳони давлат дар назди давлату Ҳукумат ҳукми боадолатона хоҳанд гирифт.

Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти

 кумитаи иҷроия Муҳитдинова Умедахон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *