Рубрики
Асосӣ

СУЛТОНИ ШОИРОНИ АҶАМ

   Бахшида ба ҷашни Рӯзи Рӯдакӣ, ки ҳамасола дар Ватани маҳбубамон- Тоҷикистон 22 сентябр таҷлил мешавад, дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бахши фарҳанг” чорабинии адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Султони  шоирони аҷам” бо иштироки аҳли адаб, илм  ва фарҳанг баргузор карда шуд.

     Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва забони англисӣ аз ашъори сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шеър қироат намуд. Инчунин дар баромади хеш зикр кард, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар сарнавишти халқи тоҷик аз нахустин суханварону андешамандони ояндабин буд, ки бо сухани баландмазмуни худ барои эҷод, бунёд ва рушди назму насри адабиёти тоҷику форс пояи устувор гузошт. Рӯзи Рӯдакӣ – рӯзи шинохти тамаддуни миллӣ, забони модарӣ ва рамзи ҷовидонаи миллати фарҳангсози мост.

     Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бахши фарҳанг”- Мирзоева Биомина, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД шаҳри Гулистон -Аҳлиддин Абдураҳмонов, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри ГулистонғФаридуншоҳ Абдуллоев низ баромад намуданд. 

       Аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр шеъру ғазалҳо аз ашъори Маликушшуаро устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қироат карда шуд. Рӯзи Рӯдакӣ  басо хотирмон гузашт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *