Рубрики
Uncategorized

СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ СЕ ШОХАИ ЯК СУТУНПОЯ

Сулҳ, ваҳдат ва истиқлолият ин се шохаи бузурганд, ки дар як поя устувор буда, барои дилхоҳ халқияту миллат мафҳумҳои басо арзишманд ва муқаддас мебошанд. Ҳеҷ як миллату давлат бидуни ин сешохаи азими як сутунпоя устувор буда наметавонад ва ё худ сиёсати давлатдорию ҳукмронии хешро пиёда карда наметавонад. Ин шохаҳои азим мафҳумҳои хоси худро доранд.

Сулҳ, ваҳдат ва истиқлолият-метавон дар мавриди инҳо садҳо варақ тафсир кард, аммо мо инҷо ин шохаҳоро ба таври возеҳу муъҷаз: баҳам омадани як халқияту миллат дар зери як шиор ва дар фазои орому осуда басар бурдану поси онро доштан унвон мекунем. Бисёр давлатҳо ҳастанд, ки  сокинонашон дар орзуи ин се шохаи азим ҳамарӯза қурбон мешаванду, аммо ба ҳам омада наметавонанд.  

Дар авоили ба даст овардани истиқлолияти давлати  кишвари азизи мо Тоҷикистон, барои расидан ба ин шохаҳои азим дар оғуши ҷангу хушунат ғарқ шуду садҳо ҳазор қурбониҳо дод.  Он ҳаводисе, ки пас пошхурии собиқ Шӯравӣ ба сари миллати тоҷик омад, умеди зинда монданро дар дилҳо рабуда, хаёли ҳама ҷуз ғаму ҷони худ фикре дар сар набуд. Дар ин майдони набард, ки ҳатто бародар зидди бародар буд, шахсияти ҷонфидо ва роҳбари сарсупурдаю оқил лозим буд, ки пеши роҳи хушунату ваҳшониятро бигираду миллатро сарҷамъ орад. Ҳарчанд, ки соҳибихтиёрии мамлакат эълон гардида буд, аммо ҳамоно оташи ҷангу хушунат идома дошту умеди рӯзгори хушро дар дилҳо пок мекард. Билохира ба тақдири миллати тоҷик шахсияти сарсупурдае чун Эмомалӣ Раҳмон   ба майдон омаду новобаста аз ҷангу ҷидол хатарҳои рузафзун барои расидан ба сулҳу ваҳдат ва пойдории истиқлоият талош кард.   Миллати тоҷик дар ростои расидан ба истиқлолияту ваҳдати комил чи машаққату ваҳшатҳоеро паси сар кард, ки бо гузашти се даҳа аз истиқлолияти давлати то ҳол он ваҳшониятро фаромӯш накардааст.  Инҷо суоле ба миён меояд, ки ба ҷони ҳам андохтани як миллати соҳибтамаддун ва соҳибмаърифат кори ки буд?

Посух дар росто рушан аст, ки бешак кори касоне, ки ба ҷуз манфиати худ, ба ҷуз пешравии худ, ба ҷуз пиёда кардани ҳадафҳои нопоки худ ҳадаф ва ё роҳи дигареро намедиданд.   Миллати тоҷик бо азми қавии Роҳбари райиятпавараш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина, марҳила ба марҳила ин сешохаи азимро дар як сутуни комил ба даст овард  ва  се даҳаи асри 21 аст, ки аз шаҳди ин сешохаи як сутун ком ширин мекунад.

  Вале бо вуҷуди чунин машаққатҳоро паси сар кардан дар гузашта то ба имрӯз кам нестанд, нотавонбинон ба бадхоҳону адоватпарварони миллат. Хушбахтона дар баробари ба ҳам омадани миллати тоҷик ингуна қабила ҷойгоҳашон танг шуду ба назди хоҷагонашон рафтанд. Имрӯзҳо тариқи ҳаргуна шабакаҳои иҷтимои худро чун шахсиятҳои ба қавли худашон гуё миллатдӯст ҷилва медиҳанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон як бор фиреби шуморо хурду дар мушкилоте афтод, ки машаққати онрӯзро то ҳол дар ёд набурдааст, ҳаргиз ба ҳарфҳои нохалафон бовар нахоҳад кард.

Дар мавриди он, ки миллати тоҷик чи ранҷҳоро паси сар карда ба ваҳдату сулҳу истиқлолият расид ва мухолифон чигуна аз шармандагию нотавони диёри бобоии хешро тарк кардан миллати шарифи тоҷик огаҳии хуб дорад. Дар идомаи матлаб мехоҳам баён кунам, ки миллати тоҷик дар давоми се даҳа ба ҳам овардани ин сешохаҳои азими яксутунпоя ба чи дастовардҳо ноил шуду дар дохил ва хориҷи кишвар чигуна шуҳратёр гардидро иброз намоям.

Қобили зикраст, ки санаи 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд, инчунин санаи 27-июни соли 1997 созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Инчунин ҳамасола мардуми шарифи тоҷик ин санаҳоро ҳамчун санаҳои муҳими таърихи бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамояд.

Пас аз ба дастовардани истиқлолият ва ба имзо расидани созишномаи сулҳ, Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ба суи қуллаҳои дурахшон ва фардои нек гомҳои устувор пеш гузошт.  Дар ин замина корҳои созандагию ободони, ба ҳам омадани миллат, сарҷамъ намудани миллати парешоншуда дар оташи ҷангу хушунат, таъмини ҳаёти осоишта  дар мамлакат, бартараф намудани вазъи душвори ба амал омада  ва даҳҳо корҳои азиму ҳадафҳои бузургаст, ки дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд.

Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 24-умин солгарди Ваҳдати миллиро дар фазои орому осуда ҷашн мегиранд. Давлат ва ҳукумати мамлакат ба хусус Роҳбари давлат дар баробари корҳои ободонию созандаги ва роҳандозии ҳадафҳои азими бунёдкори, инчунин дар баробари мушкилоту монеаҳои дохиливу хориҷии мамлакат, ҳатто баҳри ободии маҳал-деҳа низ аҳамияти хос равона намудаанд. Пас аз эълон намудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  алакай ҳадафҳои созандаги ба сатҳи маҳал равона карда шуда то андозае дар беҳбуд бахшидани вазъи иқтисодию иҷтимои ва маишии мардуми деҳот замина гузошт. Ҳамаи ин корҳои хурду бузурги созандагӣ ва ҳатто оддитарин дастовард, барои ҳар як фарди тоҷик, рабт дорад ба пойдории сулҳу ваҳдат ва ороми дар кишвар.

Бубинед агар сулҳу ваҳдат ва истиқлолият дар кишвари азизи мо пойдор набошад,  дар баробари ҳамаи мушкилоти давлатдори имрӯз Роҳбари давлат  дастур медиҳад ва назорат дорад, ки дар деҳот барои мардум варзишгоҳ, ҳаммом, сартарошхона, ё худ барои бонувон толори ҳусн сохта шавад. Агарчи ингуна иншоотҳо хусусияти тиҷорати доранд ва дар назар оддӣ менамоянд, пас қазоват кунед дар гузашта ё дар ин замони мураккаби давлатдорию бархурди абарқудратҳо барои манфиат кадом як роҳбари давлат то ин андоза дар фикри мардум аст.  Пас метавон, қазоват, кард, ки сулҳу ваҳдат ва соҳибихтиёрии комил дар кишвари азизи мо Тоҷикистон ҳукмфармост ва Пешвои ғамхори миллат дар фикри фароҳам овардани оддитарин шароити маиши барои мардум мебошад.  Дар ин росто метавон чунин Роҳбарро ситоишу пайрави кард ва чунин ваҳдату истиқлолияти комилро эътирофу самарабахш арзёби кард.

Тоҷикистони азизи мо дар зери сиёсати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар давоми седаҳаи таърихи тавонист сулҳ, ваҳдат ва истиқлолятро дар як шоҳсутур ба ҳам овард ва тавонист дар ин муддати начандон тулони дар назди таърих дар сайёра маълуму машҳур гардад.

Чун болотар гуфтем Роҳбари давлат барои фароҳам овардани оддитарин шароити маиши барои мардум дастуру назорат мекунанд, инчунин дар баробари ин барои ободони ҳар як гушаи диёри  биҳиштосо пайваста ғамхори зоҳир менамоянд.  Далели ҳамаи гуфтаҳои болоро инҷо ба як ишора метавонам баён кунам, ки ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ дар 70-соли  замони Шӯравӣ як хоҷагии гӯсфанпарвари буд. Мардум он замон танҳо ба кишоварзию чорводори машғул буду ҳаато роҳи дурусте надошт, ки ба дигар гушаи мамлакат сафар кунад.  Аммо баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо ташаббус ва дастгириҳои хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ таъсис дода шуд. Дар давоми ин солҳои соҳибистиқлоли ин ноҳия ба рушду пешравиҳои зиёд ноил шуд. Пешвои миллат борҳо ба ин ноҳияи дурдаст ташриф оварда аз шароити будубош ва рӯзгори мардум дидан кардаанд  ва барои бозҳам ободу зебокардани ин ноҳияи дурдаст пайваста кумаку дастгири менамоянд.

Ҳамин дастгириву ғамхориҳои Роҳбари давлатаст, ки маконе, ки дар гузашта як гушаи човодори буд ба як ноҳияи замонавию зебо табдил гаштааст. Имрӯз дар маркази маъумрии ноҳия шаҳраки Меҳрон, даҳҳо иншоотҳои маъмурию давлати ба тарҳу сохти замонави қомат афрохтаанд. Дар ҷамоату деҳоти ноҳия муассисаҳои таъилимии замонавӣ, иншоотҳои маиши қомат афрохтаанд. Ҳамчунин роҳҳои рафтуомад хуб гашта шароити иқтисодию иҷтимоии мардуми ноҳия хуб шудааст.  Инҳо ҳама нишонаи якпорчаги сулҳу ваҳдати комил ва пойдории суботу оромист, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе, ВМКБ ва ҳатто дар ноҳияи дурдасти Кӯҳистони Масчоҳ низ масъулини мақомот дар биноҳои барҳавою замонави кору фаъолият доранд. Имрӯз зодагони ин гушаи дурдаст дар донишгоҳҳои дохил ва  хориҷи мамлакат таҳсил ва варзишгарони зодаи ин Кӯҳсор дар мусобиқаҳои байналмилали соҳиби медалу ифтихорномаҳо ва номбардору ватану миллат мебошанд. Ин дастоварду музаффариятҳоро наметавон дар як матлаб хулоса кард, аммо ҳаминро метавон гуфт, ки сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти комил дар кишвари азизи мо зери сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдораст ва пойдор хоҳад монд.

Ман зи Ваҳдат рамзи сулҳу дӯстӣ омӯхтам,

Ман ба Ваҳдат фитнаҳои душманонро сӯхтам.

Гарчи байни миллатам, сад шӯру ғавғо сохтанд,

Ман ба Ваҳдат кишварамро чун гулистон сохтам.

Ман барои заррахоки Тоҷикистон зиндаам,

Ман ба як каф хоки поки Тоҷикистон зиндаам,

Гарчи душман солҳост дар қасди ту,

Ман ба қасди душманони Тоҷикистон зиндаам.

                                                        Саидвоҳид Ҳоҷизода

                                                   мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти 

                                                  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *