Рубрики
Асосӣ

СУМАНАК ПАЙКИ НАВРӮЗӢ

Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Суғд дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дар арафаи ыашни Наврӯзи аҷам Раиси   КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба муассисаи давлатии «Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд» рафта, бо бошандагони марказ сӯҳбати самимӣ оростанд. Дар сӯҳбати озод Исмоилзода Зуфар Муртазохон иброз намуд, ки онҳо ҳамеша дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар «Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд» 54-нафар пиронсолону маъюбон ба ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд. Дар марказ пиронсолон ба таъмини ғизо, иқомати доимӣ, хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуда, барои истироҳат, варзиш ва машғулиятҳои меҳнатӣ-табобатӣ шароитҳо муҳайё карда шудаанд. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон  ба бошандагони марказ таоми Наврӯзӣ Суманак  ва ширинҳо тақдим намуда онҳоро бо ҷашни Наврӯз  табрику муборакбод намуд.  Бошандагони марказ аз ин ташаббуси хайрхоҳона хурсанд гардида, миннатдории хешро ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон баён намуданд. Бояд қайд намуд, таоми Наврӯзи Суманак бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд омада шуда инчунин ба собиқадорони ҲХДТ, бепарастону ятимон тақсим карда шуд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *