Рубрики
Last News

Таассурот аз курси бозомӯзӣ

Тибқи нақшаи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз санаи 1.03.2021 то 06.03.2021 сол дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ” баргузор гардид.

Нақшаи таълимие, ки аз ҷониби дастгоҳи КИМ ҲХДТ таҳия гардида, дастраси ҳар як иштирокчии ин курси бозомӯзӣ дастрас гардида буд, дарак аз он медод, ки чорабиниҳои мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ ва омодагии ҷиддӣ роҳандозӣ карда шудааст.

Боиси зикр аст, ки ҳамаи мо – иштирокчиёнро тибқи нақша дар меҳмонхонаи “Кохи афсарон” –и Вазорати мудофиаи ҶТ ҷо ба ҷо намуда, маводҳоро дастрас намуданд. Шароити меҳмонхона, сатҳи хизматрасонӣ ва сатҳу сифати хизматрасонӣ дар ошхонаи меҳмонхона ба ман бисёр писанд омад.

Агар дар бораи барномаи курси бозомӯзӣ сухан гӯем, бениҳоят мукаммал ва дар доираи мавзӯъҳои мубрами барои пешбурди фаъолияти кори ташкилотҳои ҳизбӣ таҳия ва тарҳрезӣ гардида буд.

Ба фикри ман ҳар як маърӯза, сӯҳбат, лексия ва мизи мудавварҳое, ки дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо ҷалби мутахассисони соҳа, олимон ва сиёсатмадорони ботаҷриба баргузор гардид,барои боз ҳам густариш додани фаъолияти ҳизбӣ ва баланд бардоштани савияи дониши сиёсии ҳар як иштирокчии курс таккони ҷиддӣ бахшид.

Дар давоми курси бозомӯзӣ тибқи барномаи таҳиягардида мо аз якчанд ҷойҳои таърихӣ – муассисаҳои давлатӣ, Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, Қасри теннис ва маҷмааи бозиҳои обии шаҳри Душанбе, боғҳои Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва боғи устод Рӯдакӣ, инчунин аз сохтмони бузурги аср,яъне НБО Роғун дидан намуда, барои худ як олам таассурот бардош кардем.

Вохӯрӣ ва мулоқот бо роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни фраксияи ҲХДТ барои ман шахсан хотирмон буд.

Санаи 05.03.2021 тибқи нақшаи курси бозомӯзӣ барои таҷрибаомӯзӣ ба кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳайати чор гурӯҳ равона шудем. Банда ҳамроҳи аъзоёни гурӯҳи худ аз фаъолияти ТИ ва КИИ кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дидан намудем.

Дар фарҷоми курс санаи 06.03.2021 фаъолияти якҳафтаина натиҷагирӣ карда шуд ва аз ҷониби роҳбарияти ҳизб ба иштирокчиёни курси мазкур “Сертификат” супорида шуд.

Хулоса курси мазкур барои ҳар як иштирокчӣ барои баланд гардидани маҳорати корбарӣ, тақвияти дониш ва махсусан барои аз наздик шиносоӣ пайдо кардан ва боз ҳам мустаҳкам гардидани дӯстиву рафоқат байни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсири мусбии худро гузошт. Боварии комил дорам, ки ин гуна курсҳои бозомӯзии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар оянда низ мунтазам баргузор мегардад ва миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷӯҳи доимиашон мерасонам.

Анварзода Амирҷон – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *