Рубрики
Мақола

Табиатҳои пастар андешаашон ҳам пастар аст

Г. Белинский гуфтааст: “Барои табиатҳои пасттар ҷиҳати интиқом додани андешаҳояшон бо роҳи партофтани ифлосии нуқтаи назар ва андешаҳои бад заруртар амале нест ва ин нуқтаи назарро онон мутаассифона муқаддас ва бузург меҳисобанд”.

Ба ҳамин хотир, моро зарур аст, ки на барои ошӯби мағзӣ бо ин нохалафон, балки ба ҷомеа дурустии вазъро бояд фаҳмонем ва дар ин миён гуфторе ҳам кор диҳад – чун саг маро газад ман ин ҳайвонро нахоҳам газид, зеро ин рафтор нооқилона аст ва баръакс барои муолиҷа кӯшиш менамоям то саломатии хешро хуб намоям.

Махсусан аксаран вақт суҳбати гурӯҳҳои нохалафро мебинӣ ва ва андешарониҳояшонро мешунавӣ боис ба оне мешавад, ки танҳо ба онҳо аҳамият намедиҳӣ ва гомҳои устуворро ба пеш меандозӣ. Бешак ба онҳо мубоҳиса кардан низ нашояд, зеро фаҳмишу дарки онон, чуноне, ки Унсурулмаолии Кайковус гуфтааст, зеҳни инсонро хароб ва кунд месозад. Марк Твен низ фармудааст: “Ҳеҷ гоҳ бо аблаҳон мубоҳиса накунед, зеро Шумо ба сатҳи онҳо меравед ва ақидаҳои шуморо муҳокимаҳои ин тоифа несту нобуд мекунад”. Ман инҷо нуктаи назарро ба хотири он нагуфтам, ки дастҳо кушода нишинем то бар сари мо бароянд, вале мубориза ба таври баръакс, яъне бо онон не, балки бо мардум сару кор гирифтан лозим то мағзи мардумро нашикофанд.

Дида истодаем, ки дар хориҷи кишвар ин тоифа даст аз ҳизби террористии наҳзат шустанду паймони миллӣ, гурӯҳи 24 ва дигар ташкилотҳо таъсис доданд ва ҳамарӯза бо барангехтани кинаву адоват нисбати роҳбарияти азизи кишвари мо ҳамагӣ дарафтодаанд. Гуё мақсадашон “дилсӯзӣ” ба миллат аст. Асло не! Ҳокимиятро ғасб кардан ва ахиран ба миён овардани таҳаввулот аст, ки мо дарси зиндагӣ аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтаем, ки таъсираш кунун низ мондааст. Ба ҳамин хотир хонандагони азиз бояд донем, ки ин тоифа мақсади хароб кардану худ кайфияташ диданро доранд, ки ноҷавонмардона аст. Ин гуна одамонро А. Балзак чунин гуфтааст: “Одамоне ҳастанд, ки ба сифр монанданд ва ҳамеша барои зиёд шудан пеш ё паси дигар арқом ҷой мегиранд”, ки дар ҳақиқат чунин аст. Фалсафаи ин афрод ва гурӯҳҳо аз азал чунин буд ва мемонад, ки пушти абарқудратҳо ва манфиатхоҳон руст мешаванд.

Инҷо мехоҳам қайд намоям, ки агар ба маводу мақолаҳо ё наворҳои ин гурӯҳҳо бингаред, дар бештар вақт аз иқдомҳои шоистаи мо ҳарфи муқобил мезананд. Пешаи худ медонанд ба боварии мардум тариқи ин хабарҳо ва туҳматҳо ворид шаванд, бештар вақт ба мағзи инсонҳо дар ҳозира замона воҳимаҳо кор мегиранд ва фалсафаи фаъолияти ин тоифаро мехостам бо гуфтаи Ҷ.Свифт муайян намоям, ки он чунин аст: “Кирмҳо бештар одати ҳуҷум ба меваҳои ширин ва беҳтаринро доранд”, ки ҳамин аст.

Аҷибаш он аст, ки аксари суҳбатҳои ин афрод пуч аст ва танқидашон аз хости худашон нест, аблаҳакеро баландгӯяк медиҳанду ба навор мегиранд ва ба ҷайбаш чизе мехаланд, ки бояд боз ояд, баромадҳо ба наттоқон ва дониши онон мувофиқ нест ва бо ғазаб сухан мегӯянд, ки хоси донишмандон нест. Дар ин миён моро мебояд, ки муттаҳид шавем ва арзишҳои миллию давлатиамонро ҳифз намоем.

Баъд киҳо мемонанд бо буҳтону балвову дигар хостаҳои манфурашон, худатон медонед.

                                                                                             Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол   М.Ниёззода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *