Рубрики
Last News

Табибон – нерӯи пешрави ҷомеа

Суннатҳои ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар сарзамини Тоҷикистон дар даврони солҳои истиқлолияти давлатӣ маҳз бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид. Аз ин ҷост, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил мегардад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани иди Наврӯз дар асоси нақша чорабиниҳо дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи Мирзосангин Қутфидинов чорабинии Наврӯзӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Эхсон Исоев ширкат варзида, ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати фарорасии ин иди аҷдодӣ табрику муборакбод намуд.

Аз ҷумла зик шуд, ки Наврӯзи бостонӣ таърихи беш аз панҷҳазорсола дошта, зуҳури онро муаррихон ба таваллуди шоҳ Каюмарс ва эҳёи Наврӯзро ба аҳди шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд.

Наврӯз яке ҷашнҳои бостонии мардумони эронинажод, аз ҷумла, тоҷикон буда, дар ҳазораи дуюми солшумории мелодӣ дар соли 2010 дар асоси пешниҳоди кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла, Тоҷикистон бо қарори созмони бонуфузи байналмилалӣ — Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид.

Оинҳои Наврӯз таҷассумгари ормонҳои башариянд ва дар ин росто он аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ эътироф шуд.

Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори сарсабз, эҳёи табиат, оғози корҳои кишоварзӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз буда, аз нигоҳи ситорашиносон, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сония соли нав фаро мерасад. Яке аз суннатҳои ҷашни ҷаҳонии Наврӯз- ин бахшоиши гуноҳҳо, аз дил дур намудани кинаву адоват, пирӯзии некӣ бар бадӣ, нур ба зулмот буда, дар маҷмӯъ, Наврӯзи ҷаҳонӣ тараннумгари саодати башарият аст.

Ҳамчунин, аз ҷониби намояндаи Кумиҷроия якчанд фаъолони ҳизб дар вазъияти тантанавӣ бо Сипосномаӣва тӯҳфаҳои Кумиҷроия сарфароз гардонида шуданд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *