Рубрики
Асосӣ

ТАБРИКОТИ Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамсафони гиромӣ!

Ҳамватанони арҷманд!

Дар саҳифаи навини давлатдории тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар наҷоти давлат аз фаношавӣ, сарҷамъ намудани миллат, таъмини сулҳу субот ва рушди минбаъдаи мамлакат саҳми бузургу беназир доранд.

Маҳз ба хотири омӯзиши кору пайкор ва хизматҳои содиқонаи Пешвои муаззами миллат ба насли имрӯзу оянда санаи 16 ноябр ба рӯйхати ҷашнвораҳои миллие, ки мақоми олии қонунгузории кишвар тасдиқ намудааст, ворид гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Рӯзи Президент» таҷлил мегардад. Ин санаи муборак барои мардуми шарафманди кишварамон рӯзи муқаддаси арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзанди сарсупурдаи модари тоҷик аст.

Маврид ба зикр аст, ки Конститутсияи мамлакат, ки бо раъю иродаи мардум қабул гардидааст, мақому манзалати Президентро хеле возеҳу равшан инъикос мекунад. Моддаи якуми Конститутсия муайян намудааст, ки «Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад» ва боби алоҳидаи ин санад салоҳияту ваколати Президентро ифода карда, Президентро ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва пойдориву бардавомии давлат муаррифӣ намудааст.

Воқеан, вақте сухан дар бораи нодиртарин падидаи ҳаёти тоҷикон дар тӯли 30 соли охир меравад, симои абармарди арсаи сиёсат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун қаҳрамони истиқлолият пеши назар ҷилвагар мешавад.

Ба фаъолияти Президенти кишвар, ки бо ҷонибдории мардум панҷ маротиба ба ин маснади баланд интихоб шудаанд, назар андозем, фаъолияти бесобиқа ва шахси беназири кишвар аз мафҳуми «Президент» комилтар ба назар мерасад. Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу заҳмати хешро барои ба кишвари аз ҳар ҷиҳат пешрафта табдил додани Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони он равона сохтанд ва муваффақ гардиданд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҷавҳараш аз арзишҳои миллӣ ва башарӣ сарчашма гирифтааст, зодаи тафаккури Раҳбари муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ифодагари ормонҳои мардумӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад.

Дар бораи фаъолияти сиёсӣ ва иқдомҳои наҷиби Роҳбари мамлакат китобу мақолаҳо ва филмҳои мустанад таҳия ва нашр гардидаанд. Вале ҳамаи онҳо ҳаёту фаъолияти бунёдкоронаву созандаи Сарвари давлатро пурра фаро гирифта наметавонанд. Чунки тадбирҳоеро, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули миллат, таҳкими истиқлолият, рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон дар кулли самтҳо амалӣ намуданд бемислу беназиранд.

Бо рӯзи Президент аҳли диёр ва ҳамсафони гиромиро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо пеш аз ҳама садоқат ба Президент, фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштсимоямон Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷашни ифтихору сарбаландӣ муборак бошад!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *