Рубрики
Last News

Табрикоти Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бахшида ба муносибати 28 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз,

Ҳамсафони гиромӣ!

Фарорасии яке аз ҷашнҳои муҳиму тақдирсози миллат 28 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муборакбод намуда,  бароятон саломатӣ, саодати зиндагӣ ва муваффақияту комёбиҳо таманно дорем.

Мусаллам аст, ки ҳифзи кишвар, осоиштагии мардум, нангу номус, шарафу шаҳомати Ватан аз ҳама волотар аст. Артише, ки ҳайати он дар руҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия ёфтааст, дорои интизоми қавӣ буда, такягоҳи боэътимоди давлат ва миллат мебошад. Инчунин ҳушёриву зиракӣ – шарти муҳимтарини мустаҳкамии Артиши миллӣ ба ҳисоб меравад.

Боиси ифтихор аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли фаъолияташ бо дастгирию таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як ниҳоди пурқудрат ва тавоно табдил ёфта,  баҳри ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва мудофиаи марзу буми кишвар дар давраҳои тақдирсози миллат саҳми арзанда барои соҳибистиқлолии Тоҷикистон гузоштааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нақш ва мақоми афсарону аскарон сухан ронда зикр доштанд, ки “Ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст. Тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷангӣ аз тайёр кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлати худ, рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад”.

Воқеан ҳар гоҳ, ки сухан дар бораи ҳифзи марзи Ватан ва амнияти шаҳрвандон меравад, беихтиёр симои сарбозони шуҷоъ, сипари боэътимоди кишвар, яъне аскарону афсарон пеши назар меояд. Зеро маҳз хизмати софдилона, вале душвори онҳо яке аз сабабҳои асосии пешрафту тараққиёти Тоҷикистон, баланд шудани сатҳи зисту зиндагӣ, таъмини амният ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.

Воқеан дирӯзу имрӯзи вазъи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қиёснопазир аст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне ташкил гардид, ки ба давлати нав ба мустақилиятрасида хатари парешонию парокандашавӣ таҳдид мекард, дар кишвари азизамон вазъият ноором буд.

Дар ҳамон лаҳзаҳои тақдирсоз агар аз як тараф дониши баланд ва истеъдодии нотакрори Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси наҷоти халқу кишвар шуда бошад, аз ҷониби дигар қаҳрамонию далерии аскарону афсарони шуҷоъ Қувваҳои мусаллаҳро ба сипари воқеан ҳам боэътимоди давлат табдил дод.

Тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ вазъияти қисмҳои ҳарбии мамлакат хеле хуб гардида, дар давоми ин солҳо бо дастгирии давлат ва Ҳукумат барои таъмини амнияти давлатӣ, муҷаҳҳаз шудани афсарону аскарон бо техникаю лавозимоти муосири ҳарбӣ тамоми чораю имкониятро истифода бурданд.

Маҳз иродаи қавӣ, далерию родмардии онҳост, ки имрӯз  кишвари мо  дар пешгирии зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм дар хати пеш қарор дорад.

Солҳои охир бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шахсан Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода маъракаи гусели наваскарон бо шукӯҳу шаҳомати  хоса доир шуда, дар тинати ҷавонон ҳисси баланди ифтихори миллиро бедор месозад.

Бо назардошти манфиатҳои миллӣ тақвият бахшидан ба эҳсоси ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷаҳонбинии дунявӣ миёни ҷавонон дар меҳвари Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад. Ин ташкилоти муқтадир минбаъд низ дар замири ҳамватанон, аз ҷумла ҷавонон баланд бардоштани эҳсоси ватандориро рисолати асосии худ медонад. 

Дар ин рӯзи муборак ба кулли сокинони шарафманди вилоят, хоса ҳизбиён сарбаландиву некномӣ, тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаи обод, саодатмандӣ, равнақу барори кор таманно дорам.

         Солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *