Рубрики
Uncategorized

Табрикоти Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бахшида ба рӯзи омӯзгорон

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо эҳтиром ва арҷгузории хос кулли омӯзгоронро бо Рӯзи касбиашон муборакбод  намуда, барояшон саломатии бардавом, офияту саодати пурнишоти зиндагӣ, музаффарияту комёбиҳои беназирро таманно дорад. Пешрафти соҳаи илму маориф, баланд бардоштани қадр ва манзалати омӯзгор таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Нишонаи возеҳи гуфтаҳои болоӣ мулоқоти анъанави Роҳбари давлат бо ҷомеаи омӯзгорон дар таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ҳамасола дар сатҳи баланд доир шудани озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин омӯзгори сол” ва “Беҳтарин мураббияи сол”, иштироки шахсиашон дар ифтитоҳи иншооти соҳаи маориф дар сар то сари кишвар мебошад Пешвои муаззами миллат ба нақши бузурги омӯзгор дар ҷомеа арҷ гузошта, таъкид медоранд: “Маҳз омӯзгорони соҳибмаърифату бофарҳанг ва устодони донишманду ватанпараст савияи таълиму дониши хонандагонро баланд бардошта, онҳоро ба забондонӣ, илмомӯзӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ раҳнамоӣ карда метавонанд”. Дар ҳақиқат, меҳнату заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонфидоёнаи омӯзгор аст, ки дар ҷомеа наслҳои бомаърифат, донишманд, миллатдӯст, ватанпарвар, забондон, ҷасур, аз ҷиҳати сиёсӣ зираку ҳушёр ва дорои ахлоқи ҳамида ба воя расида, дастовардҳои Истиқлоли мамлакатро афзун ва ҳифз менамоянд. Боиси сарфарозист, ки дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба қадри хизматҳои шабонарӯзии омӯзгорон мерасанд. Ҳамасола ҷудо намудани қитаъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба кадрҳои ҷавони омӯзгорӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони пешраву навовар, таъсиси ҷоизаҳои Раиси вилоят барои “Беҳтарин муассисаи таълимӣ” “Беҳтарин муассисаҳои таълимии томактабӣ”, “Беҳтарин омӯзгори ҷавон” роҳхати ройгони омӯзгорон ба осоишгоҳ аз дастгириҳои давлат ва Ҳукумати кишвар далолат медиҳад.     Баланд намудани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, зиёд кардани музди меҳнат ва таъмини ҳифзи иҷтимоии тамоми кормандони соҳаи маориф ва илм аз ҳадафҳои асосии Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар ин самт корҳои неку шоиста идома ёфта истодаанд. Дар ин рӯзҳои файзрези фасли тирамоҳ бароятон – омӯзгорони муҳтарам саодати хонаводагӣ ва фаъолияти бурдборро таманно дорам.

Иди касби муборак, омӯзгорони азиз!      

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *