Рубрики
Last News

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗИИ ҲИЗБИЁНИ ВИЛОЯТ

Дар ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви  ноҳияи Спитамен бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд ва кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен тантанаҳои наврӯзии ҳизбӣ доир карда шуд.

Чорабинии тантанавиро раиси Кумиҷроияи ноҳиявиии ҲХДТ Ойбек Насруллозода ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Муовини раиси ноҳияи Спитамен  Дилрабо Раҳимӣ номаи шодбошии раиси ноҳияро бар самъи ҳозирин расонид.

Сипас муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода аз номи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ ва шахсан аз номи Раиси кумиҷроия Исмоилзода Зуфар Муртазохон аҳли ҷамъомадагонро табрик намуда, афзуд, ки дар сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст. Бузургӣ ва умри тӯлонию бегазанди Наврӯзро Сарвари давлатамон бо муҳаббат ва эҳтироми зиёд таъкид кардаанд: «Ҷашни Наврӯз, ки зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад, дар замири худ ҷавҳари некӣ, накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ, покизагии руҳонӣ ва ҷисмонӣ, созандагию бунёдкориро дорад».

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Аҳмадзода номаи шодбошии роҳбарияти олии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар самъи ҳозирин расонид.

Ба як қатор фаъолону пешсафони ноҳия дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдим карда шуда, 10 нафар ҷавонони ҳушманд ба сафи ҳизб пазируфта шуданд.

Чорабинии фарҳангӣ, ки аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардонида шуд, то дергоҳ дар лавҳи хотири аҳли нишаст боқӣ хоҳад монд. 

Ёдовар мешавем, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-и ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен дар мавзеи ноободи ноҳия бо саҳмгузории ҷониби кишвари ҳамсояи ба мо дӯст – Ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёд шуда, бо муосиртарин таҷҳизоти таълимӣ ҷиҳозонида шудааст ва ҳосили дӯстӣ ва решапайвандии ду давлати бузург ҳамфарҳанг аст. Дар пайвандии ин дӯстӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирамонович Мирзиёев хеле калон аст.

Пояндагӣ ва ҷашни Наврӯз муборак!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *