Рубрики
Last News

Тарбияи ҷавондухтарон мароми мост!

Мутобиқи нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар коллеҷу литсейҳо ва муассисаҳои таълимии шаҳр бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва зуроварӣ дар оила, паст намудани шумораи ҷудошавии оилаҳои ҷавон, фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ, тарғиби либосҳои миллӣ, иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” , “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва дигар масоили рӯз бо иштироки ҷавондухтарон ва наварӯсон мулоқоту сӯҳбатҳо ба роҳ монда шуда, ин навбат санаи 31.03.2021 дар коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом чунин мулоқот гирди мизи давр ҷараён гирифт. Дар мулоқот Раиси Шӯрои собиқадорони кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Тӯраева Муаззама, мудири бахши САҲШ-и шаҳр Зоҳидӣ Фирӯза, намояндаи шӯъбаи кор бо занони МИҲД-и шаҳр Шарипова Ҳилола ва муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова иштирок ва бобати масъалаҳои болоӣ табодули афкор намуданд. Мулоқот озоду самимӣ сурат гирифта, ҷавондухтарон ба суолҳои хеш посухҳои лозима гирифтанд. Дар назар аст, ки чунин вохӯриҳои тарбиявӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот низ ба роҳ монда шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *