Рубрики
Last News

Тарғиби нуқтаҳои Паём миёни шифокорон

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар чанде аз муассисаҳои тандурустии шаҳр мулоқотҳо ороста шуд. Зимни мулоқотҳо масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба шарҳу эзоҳи нуқтаҳои муҳимтарини Паёми навини Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар истода, Паёмро  санади муҳими сарнавиштсоз ва муайянкунандаи роҳу равиши минбаъдаи давлату Ҳукумат арзёбӣ намуданд. Инчунин дар рафти мулоқот доир ба нақши кормандони соҳа дар самти солимгардонии ҷомеа ва дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор гирифтани соҳаи тандурустӣ ибрози афкор намуданд. Дар фарҷом ба чанде аз кормандони соҳа шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *