Рубрики
Асосӣ

Ташаббуси судманд: ҷавонон ҷиҳати кӯмак ба сокинони наздимарзӣ сафарбар шуданд

100 нафар ҷавонон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати кӯмак ба оилаҳои зарардида дар пайи даргириҳои охирони марзӣ ба Ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара сафарбар гардиданд.

Раиси КИИ “Бобоҷон Ғафуров” профессор Усмонзода Аюб Ислом зимни гусели ҷавонон таъкид дошт, ки ташаббуси мазкур дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати кӯмак ба сокинони наздимарзӣ бетараф нест ва мунтазам тадбирҳои имконпазирро ба роҳ монда истодааст.

Дар доираи ин иқдом аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд ҳашари ободонӣ гузаронида, ба мардуми зарардида ҷиҳати тоза намудани оқибатҳои муноқишаи марзӣ кӯмак намуданд.

Бино ба таъкиди Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, ин иқдом мунтазам то рафъи пурраи зарари сокинон идома хоҳад ёфт.

“Ҳадаф аз ин ташаббус бартарафсозии пайомадҳои муноқишаи марзӣ ва мусоидат ба рафъи зарарҳои хонаҳои истиқоматии сокинони осоишта маҳсуб мешавад” – таъкид дошт Хайёмиддин Исмоилов.

Хотиррасон менамоем, ки ибтикори мазкурро масъулини шуъбаи кор бо ҷавонон дар асоси фармоиши раиси кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ба роҳ монда, дар самти дастгирӣ, ғамхорӣ ва кӯмак ба мардуми зарардидаи марз чораҳои зарурӣ роҳандозӣ доранд.

Қаблан низ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ оилаҳои зарардида маҳсулоти ғизоӣ дастрас гардид, ки ҳамакнун кӯмаки ҷавонон ҷиҳати бартарафсозии пайомадҳои ҳаводиси ахири марзӣ идомаи ҳамин иқдом аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *