Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, мувофиқи банди 3.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боз як ташкилоти ибтидоии ҳизбии нав дар назди беморхонаи шаҳраки Зарнисор таъсис дода шуд. Дар маҷлиси ҳизбии корхона, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён баромад намуда, дар бораи мақсаду мароми ҳизб, Барнома ва талаботҳои Низомномаю Оинномаи ҳизб суханронӣ намуд.
Муслимахон Ҷамолиён пешниҳод намуд, ки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Юнус Сабуров интихоб гардад ва номи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Мададгор» номгузорӣ карда шавад. Юнус Сабуров раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ интихоб гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба кору фаъолияти ташкилоти ибтидоии навбунёд барору комёбӣ таманно намуд.