Бо мақсади афзун намудани сафи ҲХДТ аз ҳисоби шахсони арзанда, ки дар ҷомеа мақоми сазоворро доранд, кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов чораҳои заруриро пайваста амалӣ намуда истодаанд. Вобаста ба ин масъала 3 феврали соли 2021 дар Кӯдакистони №6 ва Кӯдакистони №11-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз бо иштироки муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Умарзода Ботирҷон маҷлис баргузор гардида, ташкилотҳои ибтидоии нави ҲХДТ «Гулшан» ва «Парасту» ташкил карда шуданд. Раиси ТИ ҲХДТ «Гулшан» Зикруллоева Гулбаҳор ва раиси ТИ ҲХДТ «Парасту» Ризоева Тахмина интихоб шуданд. Дар маҷлиси мазкур Умарзода Б. ба сухан баромада, ба раисони нави ташкилотҳои ибтидоӣ баҳри пеш бурдани фаъолияташон супориш ва тавсияҳои дахлдор дод.
Рубрики