Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,
Ҳар ҷо ки равӣ азизу маҳрам бошӣ.
Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,
То тоҷи сари наберагони одам бошӣ.
Бо чунин мисраъҳои ҷаззоб маҳфили илмию адабӣ бахшида ба зодрӯзи муҳаққиқи варзидаи ҷаҳонӣ Ҷалолиддини Балхӣ санаи 30юми сентябр дар ташкилоти ибтидоии ба номи Ҳоҷӣ Алиев ,ки дар коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Конибодом воқеъ аст,ба хотири гиромидошти адиби варзида оғоз гардид.
Нахуст чорабиниро мудири китобхона Ниёзматова Р. ҳусни оғоз бахшида, суханро ба омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Ғаниева Қ. дод. Мавсуф дар бораи “Рӯзгор ва осори адабии Ҷалолиддини Балхӣ” баромад кард.
Вай қайд намуд, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ҳамчун адибу файласуф шуҳрат дошт. Ин ду пеша дар эҷодиёти шоир тавъан бо ҳам пайваста аст, яъне мутафаккир андешаҳои фалсафӣ ва ирфонии худро ба воситаи каломи мавзун баён намудааст. Яке аз шарқшиносони дунё Бертелс барҳақ гуфтааст, ки “Агар лирикаи Ҷалолиддини Балхӣ ба аҳли илму адаб бо забони мардуми Аврупо тарҷума мешуду дастраси онҳо мегардид, бешубҳа ин нобиғаи адабро дар қатори Байрон, Ҳёте Гейне ва Флобер” мегузоштанд.
Ҳамзамон, дар қисми дуюми маҳфили адабӣ аз ҷониби донишҷӯён озмуни ғазалсароии “Мавлавихонӣ” баргузор гардид. Дар он беш аз 15 нафар донишҷӯён ширкат варзиданд.
Донишҷӯён Сатторова А., Мамадҷонова А., Болтаева М., Ашӯрматова А., Раҷабова Ф. ва Махкамов В. беҳтарин ғазалсароён дониста шуданд.