Ба муносибати Рӯзи пойтахт дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Чорабинӣ бо ташаббус раёсати донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор шуд. Маҷлиси тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баромад намуда иброз кард, ки дар таърихи ҳар халқу миллат пойтахт дар самти рушду такомули давлатдорӣ, пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он нақши калидӣ мебозад. Дар ин раванд, шаҳри Душанбе ҳамчун маркази давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рисолати хешро дар бобати рушди самтҳои мухталифи ҳаёти мамлакат муваффақона иҷро мекунад. Қобили зикри махсус аст, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббусу ғамхории Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму талоши роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар байни шаҳрҳои минтақа тадриҷан мақому манзалати миллӣ ва ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо карда, айни замон ба яке аз шаҳрҳои сабзу хуррам, ободу зебо ва рушдёбанда табдил ёфтааст. Дар идома муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода баромад намуд. Зикр шуд, ки таҷлили Рӯзи пойтахт танҳо ҷашни сокинони пойтахт нест, балки ҷашни тамоми тоҷику Тоҷикистониён аст. Зеро шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии мамлакат ва ойинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик маҳсуб меёбад.
Инчунин, дар маҷлиси тантанавӣ чанде аз донишҷӯёни донишгоҳ перомун нуфузу мақоми пойтахти азизамон шеъру гуфторҳои дилнишин қироат намуданд ва Рӯзи пойтахт дар донишгоҳ хубу хотирмон таҷлил карда шуд.