Рубрики
Асосӣ

Таҷлили Рӯзи Президент дар КВД “фулузоти нодири Тоҷикистон”

Дар маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Ҷалолзода Миршакар Саид- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, Тоҷиев Хуршед Абдурашидович – мудири шӯъбаи рушди иқтисод ва савдои МИҲД -и шаҳри Бӯстон, Бабина Маргарита Аркадьевна -раиси ташкилоти ибтидоии “Фулузоти нодири Тоҷикистон “, масъулони Кумиҷроияи шаҳрӣ ва кормандони КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон ” , инчунин аъзоёни фаъоли ташкилоти зикршуда баргузор гардид.

Дар маҷлис, зикр гардид, ки бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рӯзи Президент пазируфта шудааст.

Ҳамзамон аъзоёни фаъоли ташкилоти болозикргардида бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардида, шиносномаҳои ҳизбӣ ба аъзоёни нав тақдим гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *