Рубрики
Асосӣ

Таҷлили Рӯзи Президент дар Кӯҳистони Мастчоҳ таҳти унвони “Пешвои мо ифтихори мо”

Санаи 16-ноябри соли равон бахшида ба Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон гуруҳе аз аъзоёни фаъоли ҳизб ва масъулину фаъолони ноҳия ба хотири арҷу эҳтиром ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳпаймоӣ намуданд.

Иштирокчиён дар даст парчам ва аксҳои Роҳбари давлат дар роҳи асосии маркази ноҳия то назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ роҳпаймоӣ намуда, эҳтирому самимияти худро ба Президенти кишвар таҳти шиори “ПЕШВОИ МО ИФТИХОРИ МО” баён доштанд.

Сипас дар толори бинои моқомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии бошукуҳ доир гардид. Дар чорабини Раиси ноҳияи Бобозода Хайрулло паёми табрикотии хешро ба муносибати рузи Президент иброз дошт. Аснои баромад зикр кард, ки Дар замони Шӯравӣ Кӯҳистони Мастчоҳ як Иттиҳодияи гусфанпарвари буд. Хушбахтона баъди истиқлолияти давлати ва ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъсис дода шуд ва руз аз рӯз бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат ноҳия ободу зебо шуда истодааст ва мардуми ноҳия аз чунин дастгириву ғамхориҳо Пешвои миллат ҳамеша сипосгузоранд.

Ҳамчунин Раиси Суди ноҳия Иноятулло Ғуломзода оид ба нақш ва мақоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷик ибрози назар кард.

Баҳри гуворою хотирмон таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сарояндаи ҷавон ва овозадор Қудбиддини Раҷабзод даъват гардида буд бо суруду таронаҳои ҷолиби хеш хотири иштирокчиёро шод намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *