Рубрики
Асосӣ

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Санаи 29 январ дар маркази ноҳияи Деваштич яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ- Иди Сада таҷлил гардид. Ҷойгоҳи Иди Сада идона оро ёфта, дар он сокинони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву ташкилотҳо ва кишоварзон маҳсули бо ранҷ парваридаи худ, инчунин хӯроку ҳунарҳои миллии худро, ки хоси маҳалли худ мебошад, пешниҳоди сокинон гардонида, техникаҳои кории кишоварзиро ба маърази иштирокчиён ба намоиш гузоштанд. Дар тантанаи Иди Сада раиси ноҳияи Деваштич муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Деваштич-24” Исмоилиён Комрон, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолон иштирок намуданд. Қайд карда шуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи тоҷикон буда, чун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯзӣ пазируфта шудааст. Сада бо гулхани рӯшноиафрӯзи худ сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд. Кишоварзон дар таҷлили Иди Сада тухмиҳои хушсифати зироат ва нуриҳои зарурӣ дастрас намуда, асбоби корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза намуда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, ворид намудани нуриҳоро амалӣ менамоянд. Ҳамчунин шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо зараррасону касалиҳо анҷом медиҳанд. Дар ин рӯз чун анъанаи ҷашни Сада аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ ороста мешавад. Дар ҷои баргузории ҷашни бостонии Сада дар радифи намоиши ниҳолу зироати кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ин ҷашн аст, пешниҳоди иштирокдорони чорабинӣ гардонида шуд. Дар ҷашнгоҳи Иди Сада гулхан, ки рамзи ин ид аст, афрӯхта шуда, дар атрофи он ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия таронахонӣ ва шодмонӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *