Рубрики
Асосӣ Мақола

ТЕРРОРИЗМ ВАТАН, ДИН, МАЗҲАБ ВА МИЛЛАТ НАДОРАД

Ҷаҳони имрӯз шоҳиди даҳҳо ҳодисаи гушношуди таърих мегардад. Зеро қудрати одамӣ ба ҷузъ аз сохтанҳо, меҳру муҳаббат доштани ба обу хоки Ватан, ҷонфидиҳо дар роҳу ҳифзи амнияти миллат, ҳамчунин товони сӯхтан, куштан ва вайрону валангор кардани шаҳроҳоро доштааст. Боиси таасуф аст, ки фарзандони миллати мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ чун ҳамешагӣ на бо кори пайкори созанда, балки бо амали нангин террористӣ ном бароварда истодаанд. Ҳарчанд то куҷо даст доштани онҳо дар ҳодисаи толори консертии ” Крокус сити” – и шаҳри Маскав аз ҷониби тафтишгарон дақиқ мешавад, аммо хулоса ин аст, ки ҷавонони ноогоҳи мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб накардаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳар баромади хеш аз фарҷоми шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ сухан мекунанд. Мӯҳтавои мулоқоти беш аз 5 соата бо фаъолони ҷомеа, ходимони дин маҳз ҳамин мавзӯро фарогир буд. Ба гуфтаи Пешвои миллат терорист ва ифротгаро Ватан, модар ва ахиран дил надорад.у бадтар аз ҳайвон аст. Ин нафарон манқуртони замони нав ҳастанд, ки натанҳо худро қурбони хоҷагони худ мекунанд, ҳамзамон наздикону пайвандони хешро сархам дар ҷомеа месозанд. Агар фаъолони ҷомеа бо дарки фаҳмиши дурбинона чунин ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят мекарданд, шояд чунин амалҳо коҳиш ёбад. Аммо ҷои афсус аст, ки иддае аз насли бедил, бедин, фаротар аз ҳама бесавод боиси сар задани чунин ҳодисаҳо гардида истодааст. Магар бо куштани беш аз 132 нафар мурод ҳосил шуд. Чаро шахсони бегуноҳ боиси марги ин амалҳои ваҳшиёна гардиданд? Фикр мекунам ба таъбири гузаштагонамон олами дигар бибояд сохт ва аз нав одаме. Роҳи раҳоӣ аз ин варта танҳо дар омузиш, маърифати баланд, ҳиси ватандӯстӣ аст. Агар ҳар яки мо аз гузаштаи пурифтихори хеш огоҳ бошем, насиҳатҳои падаронаи Роҳбари давлатро ба инобат гирем, он имконияту шароитҳоеро, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароямон муҳайё кардааст, самаранок истифода барем, пас он гоҳ мо тоҷики асил ҳастем . Имрӯз фурсате расида, ки ҷои тиру туфанг китоб ба даст гирем. Хонем, омӯзем бунёдкорӣ ва навоварӣ намое. Хиште дар бунёди қасри боҳашамати истиқлол гузорем. Нагузорем, ки аҳли ҷомеа ҷаҳонӣ бо тундӣ, нафрат ва надомат суи мо дида дӯзад.Зеро мо аз насли Ориён, Бобаку Шерак, Деваштичу Спитамен Рустами дастону Темурмалики қаҳрамон Сино ва Рӯдакии бузург, китоби оламгири ” Маснави” – Мавлои балхӣ, пандҳои ҳикматомези Хаеми бузург ва ниҳоят пайванди насли Айнӣ Бобоҷон Гафуров ва ҳамзамони шахсияти бузурги таърихӣ, ки ба ин миллат саодат овард мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *