Рубрики
Асосӣ

Терроризм ва ифротгароӣ таҳдид ба амният ва суботи ҷомеа

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дорад, ки боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, кам шудани ҷойҳои корӣ ва афзоиши теъдоди бекорон, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст. Ҳамаи мо гувоҳ ҳастем, ки терроризм дар тамоми минтақаҳои гуногуни олам доман паҳн карда, беш аз 100 давлати дунёро мавриди амалҳоиғайриинсонии терористию ифротӣ қарор додааст, ки воқеан хатари бузурги иҷтимою динӣ на танҳо ба амнияти давлатҳои алоҳида балки тамоми минтақаи ҷаҳонро таҳдид менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар тибқи нишондоди таърихӣ, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, хамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд:

Якум, вақте ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад.

Дуюм, барои ҳокимият мубориза бурда мешавад. Кишвари мо Тоҷикистон, ки дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароиро пушти сар кардааст, бо чунин ҳадафҳои пасипардагии онҳо аз наздик шинос аст. Ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шудаст.

Боиси қайд аст, ки фалсафаи ҳаёт ин ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои истиқлолият ба дасти ҷавонон вогузор мегардад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртаззоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон то рафт пурзӯр мегардад. Аз ин рӯ тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар шароити имрӯза аҳамияти беш аз пеш касб менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паст будани савияи дониши қисми муайяни ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангию динӣ, тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротаро ва шомил шудани онҳо ба ҳар гуна гуруҳҳои терористиву экстримистӣ гардидааст.

Роҳбарони гурӯҳҳои гуногуни терористиву экстремистӣ, ки тамоман аз дини мубини ислом бархурдор нестанд ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои пучу бемаънии худ, ки ҳамаи мушкилотҳои онҳоро аз ҷумла мушкилотҳои моддии онҳоро ҳал мекунанд, ё ин ки “дар роҳи дин шаҳид мешаванд” ба иттиҳодияҳои худ ҷалб мекунанд ва зеҳни ҷавонони баркамолро онқадар вайрон мекунанд,  аксар вақт ҷавонон ҳатто фикр намекунанд, ки дар фаъолияти чунин ташкилотҳо иштирок намуда, на танҳо мушкилоти мавҷудаи худро ҳал намекунанд, балки дар асл ояндаи худро вайрон мекунанд.

Пешгирии терроризм ва экстримизм дар байни ҷавонон татбиқи чорабиниҳои маҷмӯиро оид ба ташаккули мафкураи ҷавонон аз нигоҳи фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, тарбиявӣ, динӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ дар бар мегирад. Донистани ҳуқуқу озодиҳои худ ба ҷавонон кӯмак мекунад, ки дар худ эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои дигаронро, аз ҷумла ҳаёт, саломатӣ ва шаъну шарафро инкишоф диҳад.

Ҷомеаи имрӯзаи мо, алалхусус аз аҳли зиё тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватану ватандорӣ ва ифтихору худшиносии миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоянд, зеро дур шудан аз аҳли хеш маҳву заволи миллат аст. Имрӯз хушбахтона дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо тамоми шароитҳо муҳайё аст. Ва мо бояд ба қадри он расему барои ояндагонамон онро мерос гузорем. То ки насли оянда низ аз мо ифтихор кунанду дар фазои ободу осоишта умр ба сар баранд. Мо ҷавонон ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.

Шукрониён Ш. – устоди ДДХ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *