Рубрики
Асосӣ

Терроризм падидаи хатарнок ва монеа барои рушди ҷомеа

Гурӯҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи эктремизму ифротгарои ҷалб менамоянд. Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд. Ҳаминро бояд дониста бошанд, ки дарвоқеъ ҳеҷ гоҳ ба вуқӯъ пайвастани амалҳои террористии ниқоби динидошта, аз ҷумла ниқоби исломидошта, моҳияти динро инъикос карда наметавонад. Ҳар гуна дин, бахусус дини ислом мухолифи амалҳои террористӣ буда, онро ба куллӣ рад менамояд. Террорист, ки шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди ислом аст. Нафароне, ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, онҳо дар воқеъ ба шаъну эътибори дини ислом иснод меоранд ва онро бадном месозанд. Танҳо номусулмон метавонад аз дини ислом бо ғаразҳои нопоки хеш истифода барад.

Дар замони муосир сафӣ низомиёну гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод, меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасон ба доми фиребафтода кам нестанд, ки онҳо ҷонӣ худро аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳи аз аломати фарҳангӣ исломӣ ва камсаводи ҳамчун муҳимтарин олами гумроҳшавии ин ҷавонон аст. Душманони миллат ба ҳар роҳу восита мехоҳанд, фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи оинаи нилгун ва шабакаҳои интернет ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд. Сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равон шудааст, мавриди интиқом медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои “ Исломӣ”–и ватанӣ инчунин баъзе афродӣ ҷиноятпеша таблиғот бурда ҷавононӣ ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд. Тоҷикистонро давлати ҷавон ном бурдан Асосгузор сулҳу ваҳдатӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодагарӣ он аст, ки он кас ба қувваю иродаи мо ҷавононӣ кишвар итминони комил доранд. Дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсосӣ худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳамул, омӯзишу ва касбу ҳунари муосир, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун бояд ҷилва намояд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон имрўзҳо шукрона аз соҳибистиқлолӣ, ободиву осоиштагии миллат мекунанд. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад

Хоҷаназарова Шаҳзода – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *