Рубрики
Мақола

Тоҷикистон ҳастии ман, фахри ман, шони ман аст

Сулҳу амонӣ ва осоиштагӣ кафили хушбахтии мардум аст. Бо шарофати сулҳ одамон бо хотири ҷамъ баҳри ояндаи дурахшон, баҳри ободии диёру хонадони худ меҳнат мекунанд. Сулҳ беҳтарин неъмати рӯи замин аст, ки ҳосили пурбор ва ширин дорад. Зеро вақте, ки дар мамлакат оромиву осудагӣ аст, ба назарамон тамоми мушкилиҳои ҷаҳон ҳеҷ менамояд. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат борҳо қайд менамояд, “Шукронаи ин сарзамин кунед, шукрона кунед, ки Ватани азизу маҳбуб доред”. Мо мардуми тоҷик дар фазои ободу осоишта умр ба сар мебарем ва шукри обу шукри хокаш мекунем. Мо бо тамоми кишварҳои олам дустӣ мекунему равобити корӣ дорем. Тоҷикистон бо чор ҳамсарҳадҳояш муносибати дустона дорад, ки ин дустӣ аз давраҳои пешин то ба имрӯз давра ба давра боз ҳам мустаҳкам шуда истодааст.

Сайёҳони Ғарб дар тӯли таърих ёдоштҳои зиёде ба мерос гузоштаанд, ки дар онҳо аз рафту омад, рафоқат ва дастгириву ҳамдилии мардуми Машриқзамин тааҷҷуб намудаву ангушти ҳайрат газидаанд.

Мавзуи ҳамсоядорӣ аз мавзуъҳоест, ки дар Шарқ ҳама вақт дар зиндагии мардум мавқеи калидӣ дошт ва дар пешрафту ободии ҳар маҳаллу хиёбону шаҳре саҳми бориз мегузошт. Рафоқату эҳсоси масъулият ба андозае дар ҷараёни зиндагии мардуми мо нақш дошт, ки дар ҳама маҳофил- ҷашну сур, зодрӯзу хонасозӣ ва мотаму азодорӣ гирди ҳам омада, барномарезӣ карда, масъулияти ин ва ё он корро бар дӯши яке аз ҳамсояҳо вогузор менамуданд.

Мардуми қирғиз аз солҳои қаблӣ бо мардуми тоҷикин гуна муносибат дорад. Вале нафароне ёфт мешаванд, ки ин гуна муносибати хубӣ ҳамсоягиро дида наметавонанду чашми ҳасуд мебаранд ва ҷосусона ин муносибатро вайрон кардани мешаванд. Ҳодисаҳои нохуше, ки дар сарҳади ҳарду кишвар ба амал омада истодааст моро хело ба ташвиш овардааст. Нафарони зиёди бегуноҳ кушта шуданд, ки хело аламовар аст.Сафарҳои кории намояндагони мақомот, гуфтушунидҳои зиёд ҳамаи инҳо аз ҷониби ҳамсоякишвар риоя намешавад. Чандин маротиба гуфтушунидҳои дипломатӣ ба анҷом доданд вале натиҷа ҳеҷ аст.

Дар сархати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин омадааст “Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад”. Он заминҳое, ки имрӯзҳо мардуми Қирғизистон бар он талош доранду ҳаргуна ҳуҷумҳои ғайриқонунӣ мекунанд, аслан тобеи Тоҷикистон аст. Дар даврони шӯравӣ он замин барои чароҳгоҳ барои иҷора ба мардуми аҳолинишин дода шуда буд. Вале бо мурури замон онҳо заминро аз худ карданду имрӯз даъвои онро доранд. Дар гуфтушунидҳои дипломатӣ ҳатто Пешвои муаззами кишвар иҷозат доданд, ки минтақаи замин баробар ба ҳарду ҷониб тақсим карда шавад ва мардум дар фазои оромиву осудагӣ ва равобит бо ҳамдигар зиндагӣ кунанд. Вале бо ин ҳам мардуми қирғиз розӣ нестанд. Охир чӣ бояд кард, онҳо чӣ мехоҳанд? Аз талоши он замин чандин нафарон ба ҳалокат расиданд.Мардумони назди сарҳад бо тарсу ҳарос зиндагӣ мекунанд, намедонанд, ки чӣ ҳодиса рух медиҳаду кай рух медиҳад. То кай мекунад давом, ин корҳои бесомон? Бас будагис охир! Аз канали телевизионии “МИР” ҳатто қирғизҳо баромад карда, иброз доштанд, ки “он замин замини мост, чӣ мешуд, китоҷикон онро ба мо диҳанд”ин гапҳо сар то по нодуруст ҳастанд. Он замини мост! аз аввал ҷангу ҷидолро онҳо сар карданд, на мо. Хонаҳову мошинҳои тоҷиконро алав сар доданд, сангборон карданд, боғҳояшонро вайрон карданд, ба гурӯҳҳо ҷудо шуда ҷавонони тоҷикро лату куб карданд. Пас чаро мо бар ҳамаи ин вайронкориҳову беадолатиҳохомӯш бошем. Ҳатто розӣ шудем, ки заминро баробар тақсим намоем. Боз онҳо норозӣ ҳастанд.

Санаи 14-июни соли ҷорӣ тахминан соатҳои 6:00 субҳ аз ҷониби ҳарбиёни қирғиз бо истифода аз яроқи гуруҳӣ ва миномётҳо ба ҳарбиёни сарҳади тоҷик ҳуҷум карданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои фаврии бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон миёни намояндагони сарҳадии тарафҳо доиршуда, соати 07:30 бо вақти маҳаллӣ оташбас муяссар гардид.

Мо мардуми соҳибмаърифат ва баору номуси Тоҷикистон ҳастем ва намегузорем, ки ин гуна амалҳо бо мардуми мо тоҷиконрух диҳад.

Дар канораш нозу ҷавлон мекунам,

Хизматашро аз дилу ҷон мекунам,

Сурма хокашро ба чашмон мекунам,

Ҷон фидои Тоҷикистон мекунам.

Тоҷикистон нури чашмони ман аст,

Ҳастии ман, фахри ман, шони ман аст.

Биоишаи Назар

аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *