Рубрики
Last News

ТУРСУНЗОДА ДАР ЁДҲО

Дар ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат” конференсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба 110- солагии шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависондагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҳти унвони “Турсунзода дар ёдҳо” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндаи Кумтаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ғоибов С.Ф ва раиси ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат” Бойзоқова З.У иштирок намуданд. Зимни баргузории конференсия хонандагон оид ба ҳаёт ва фаъолияти шоир ба пуррагӣ маълумот доданд ва аз эҷодиёти устод шеърҳои “Дили модар”, “Зиндагӣ”, “Дили девона”, “Ошён”, “Ошиқи овора”, достонҳои “Духтари ҳиндӣ”, “Ҷони ширин” ва якчанд ғазалҳо қироат намуданд. Аз тарафи хонандагон намоиши саҳна низ бо номи “Модар” гузошта шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *