Рубрики
Асосӣ

Унвони фахрии корманди шоистаи Тоҷикистон муборак!

Ба истиқболи 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 120 нафар шахсиятҳои варзида, ки дар фаъолияти корӣ ба дастоварди азими меҳнатӣ соҳиб гардиданд, дар вазъияти тантанавӣ унвонҳои фахриро супориданд.  Боиси ифтихор ва сарфарозии мо ҳизбиёни вилоят аст, ки муовини Раиси ҲХДТ  Латифзода Асрор Қурбон низ ба унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Ин унвони баландро  ба устоди гиромӣ сидқан  муборакбод гуфта,   барояшон ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои созандаи ҳизб барору муваффақиятҳои тоза ба тозаро таманно менамоем.                   

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *