Рубрики
Uncategorized

ФАРДОИ МИЛЛАТ ДАР ДАСТИ ҶАВОНОН АСТ

Дар саҳифаҳои таърихи ҳар халқу миллат санаҳое сабт шудаанд, ки барои пояндагӣ ва муаррифии шоиста нақши муассир доранд. Барои миллати тамаддунофари тоҷик соли 1991 ҳамчун соли эълон гардидани мустақилияти кишвар хотирмону таърихӣ хоҳад монд. Воқеан, истиқлол волотарин ва олитарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон маҳсуб ёфта, шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон ба шумор меравад. Барҳақ, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолро нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.  Самараи неки истиқлол аст, ки мо дар фазои сулҳу оромӣ зери осмони софу беғуборе, ки дар он кабӯтари сулҳ парафшон аст, осудаҳолона зиндагӣ дорем.

Аммо, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо ҷурми иддае аз ба ном “равшанфикрон”, думравони хоҷагони бегона мамлакати мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ кашида шуд. Аввалин коре, ки душманони миллат ба сари ин давлати навтаъсис таҳмил намуданд, ин паҳн кардани ангезаи миллатгароиву маҳалчигӣ буд. Роҳбарони ба истилоҳ “мардумӣ” ҷомаи “исломиву демократия ва худхоҳӣ”-ро ба бар намуда,   дар минбарҳо дигар сухану аммо дар амал ба корҳои пасту разилона даст заданд. Ин нафарон мехостанд бештар ҷавононро ба ҳадафҳои ғаразноки худ кашида, шару шӯри ҷавонии онҳоро бар манфиатҳои худ равона кунанд. Ба арсаи сиёсӣ омадани ҳизбу ҳаракатҳои гуногун боиси он гардид, ки ҷавонон майл ба ин нерӯҳо намоянд. Махсусан Ҳизби наҳзат, Ҷунбишҳои “Растохез”, “Лаъли Бадахшон” бештар мекӯшиданд ҷавононро ба ҷонибдории худ кашанд. Ана дар ҳамин марҳилаи ҳассос ҷавонони фаъолу дилашон бар ин давлату миллат месӯхта соли 1991 ба умеди он, ки ҷавонон ба ду сангар ҷудо нашаванд, ташкилоти пурқудрати комсомолиро бар Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон табдил дода, дар атрофи идеяҳои созандаи ҷомеа сарҷамъ омаданд.  Ҳамин тавр Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баробари нодиртарин дастоварди миллати тоҷик – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои кишвар падид омада, ҳамчун нерӯи ташаббускор ҷиҳати таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии кишвар нақши муассир дорад.

Шоистаи таъкид аст, ки Шурои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд шурӯъ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ ҳимояи суботи сиёсӣ ва таҳкими дастовардҳои олии миллиро ҳадафи муҳими фаъолияти худ қарор дода, дар самти татбиқи самараноки Барномаву Оинномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пайваста иқдом мекунад.

Омили ифтихор ва сарфарозист, ки рӯйдодҳои нодири мамлакат бо фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пайванди қавӣ дорад. Пешниҳоди номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маснади Президентӣ дар соли 1994 низ маҳз аз ташаббуси ин нерӯи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мегардид.

Шахсияти инсонию маънавӣ ва роҳбарии сарвари созандаи мардум, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли офтоби тобони бахт мебошад, ки ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гармӣ ва нуру рӯшноӣ мебахшад. Пешвои фидокори халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавре дар боло ишора кардем, замоне Сарвари давлат интихоб шуданд, ки умеду боварӣ ба ояндаи дурахшони Ватан дар дилҳо мурда буд. Зимни суханронии нахустини хеш ҳамчун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуда буданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона  мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчи аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард».

Воқеан, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заковати фитрӣ ва нури хирад ҳамчун бунёдгузори тафаккури навини давлатсозии миллӣ ва соҳибқирони самоӣ  даврони Истиқлолият бо азму ирода ва нерӯи созанда ба халқу Ватани маҳбубамон хизмати шоиста карданд ва эътимоди мардуми кишварро соҳиб гардиданд.

Мову Шумо хуб медонем, ки Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омаданашон ба масъалаҳои марбут ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ҷойи ифтихор ҳам ҳаст, ки насли ҷавони кишвар Сарвари давлатро Пешвои ҷавонпарвар унвон мекунанд. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил нахустин мамлакате ба шумор меравад, ки Қонун “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”- ро қабул намудааст.  Қабули қонуни мазкур бозгӯи он аст, ки Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали истиқлолият дар симои насли ҷавон такягоҳи боэътимод ва ояндаи давлату миллатро медиданд ва ба нерӯву иқтидори ин қишри ояндасоз боварӣ зоҳир менамуданд. Ҳамчунин ташкили сохтори алоҳидаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибори бузурги Сарвари давлат ба ин қишри созандаи ҷомеа мебошад. Дар ин росто эълон шудани соли 2017 Соли ҷавонон худ далолат бар он медиҳад, ки ҷавонон дар масири давлатдорӣ нақши муҳим мебозанд. Таъсиси квотаҳо барои  ҷавонони навоҳии дурдаст, роҳандозии Ҷоизаҳои давлатӣ бо номи Исмоили Сомонӣ, Султон Умаров, ҷоизаи давлатӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ,  ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифат”, эълони солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”  саҳми ҷавононро дар эъмори давлати бузурги миллӣ боз ҳам зиёдтар намуд. 

Туфайли ин ғамхориҳои рӯзафзун имрӯз иштироки фаъолонаи ҷавонони бонангу номус ва боирода ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ беш аз пештара эҳсос мегардад. Ин нишонаи он аст, ки насли нави даврони истиқлолият соҳиби нерӯи фавқулода ва истеъдоду қобилияти баланди ташкилотчигӣ ҳастанд. Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад». Воқеан самараи истиқлолият ва фазои ороми кишвар ва ғамхориҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат аст, ки дар шароити кунунӣ ҷиҳати таҳсилу фаъолияти ҷавонон дар Ватани азизамон шароити мусоиду арзанда фароҳам мебошад.

Бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидани нақш ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа, иштирок дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои ҲХДТ ва тарғибу ташвиқи онҳо, ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагӣ, фароҳам овардани шароити иҷтимоӣ – иқтисодӣ, сиёсӣ, инчунин инкишофи ҳамаҷонибаи ҷавонон, баланд бардоштани донишҳои ақлонӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо дар идораи давлатӣ, корҳои ҳизбӣ ва маъракаҳои сиёсӣ бо пешниҳоди Сарвари давлат дар назди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон даҳ сол қабл Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таъсис ёфт. Ин ташкилот аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар такя ба аъзои ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон  бисёр корҳои неку шоистаро анҷом медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки “Ҳоло мо дилпурона изҳор менамоем, ки ҷавонони кишвар вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари мамлакат ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд”.

Дар тинати ҳар ҷавони бонангу номус хуни адолату ҳақиқат, садоқат ба миллат, асолат ба таърихи куҳан ҷӯш мезанад. Пас мо миллати хушиқболем, ки раҳкушою раҳнамои мо инсони заковатпеша, роҳбари накӯпарвар, хирадманду накӯрой ҳастанд ва моро ба сӯи саодатҳо, комгориҳо роҳнамои мекунанд. Бо азму қатъият ва бо дили пур, мо фардои худро имрӯз месозем.

Итминони комил дорам, ки ҷавонони саодатманди кишвар ҷиҳати ҳифзи истиқлоли миллӣ саҳмгузор шуда, барои сазовор будан ба боварии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  беш аз пеш саъюу талош меварзанд ва ҳамчун нерӯи ободгару ояндасоз дар гулгулшукуфоии кишвар нақши созанда мегузоранд.

ИСМОИЛЗОДА Зуфар Муртазохон

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *