Рубрики
Uncategorized

ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ ВАТАН

   Андешаҳои аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”

    Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Ҷалилова Ёсуман

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастовардҳои солҳои истиқлолият, шароиту имкониятҳои мусоид барои наврасону ҷавон, оид ба бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ дар қалби ҳар як ҷавон,  даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва шароитҳо барои сарбозон дар қисмҳои низомӣ ва оиди яке аз мавзӯъҳои мубрами рӯз мубориза ба терроризм ва экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳимояи марзу буми Ватан  ва бедор намудани ҳисси ватндӯстиву ватанпарастӣ дар қалби ҳар як ҷавон буд.

Боиси ифтихор ва хушнудист, ки имрӯзҳо мо ҷавонон зери таваҷҷуҳи бевоситаи давлату ҳукумат махсусан, Роҳбари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорем, ки дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, квотаҳо барои ҷавондухтарон ва ҷавонписарони деҳот, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир ва билохира эълом гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад.

Ман низ аз соли 2020  аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, иштирокчии ҳамоиши мазкур, яке аз ҷавонони хушбахт, зодаи даврони соҳибистиқлоли кишвар ҳастам, ки аз ҳамаи ғамхориҳои бевоситаи давлату ҳукумати кишвар ва Роҳбари  оқилу хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гардида, зери шиори каломи Сарвари тоҷикони ҷаҳон: “Тоҷикистон ба пеш”  мехоҳам дар ободиву шукуфоии кишвари азизам Тоҷикистон бо донишу малакаи хеш  дар оянда саҳми худро гузорам.

таҳияи Мадина ЗОИДОВА

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *