Паём – роҳнамоӣ фардои дурахшони миллат аст, таҳти чунин шиор коллективи омӯзгорони МТМУ №16-и Шаватки Болои Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ дар баробари дигар фаъолони ноҳия аз субҳи содиқ сарҷамъ шуда, Паёми Пешвои миллатро, ки санаи 21.12.2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, бо диққат тамошо намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонм самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриамонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар самти фаъолияти соҳаҳои дахлдори кишвар маслиҳатҳои судманд доданд. Дар ҷараёни суханронӣ Пешвои миллат соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида, қайд карданд, ки дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуда, ҳоло бошад шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав– литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.
Инчунин, илова намуданд, ки дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 расонида шуд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст. Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷодаи фаъолияташон, соҳаи маорифро дар мадди аввал гузошта, дар ҳама сафарҳои дохолӣ ба шаҳру навоҳии мамлакат ба масъалаи тарбияи кадрҳо, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, забономӯзӣ, омӯхтани фанҳои дақиқ андешаронӣ карда, аз омӯзгорону масъулони соҳаи маориф даъват ба амал меоранд, ки дар ҷодаи пешанамуда фаъолияти назаррас нишон дода, дар тарбияи фарзандон диққати хоса зоҳир намоянд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки 15-20 сол қабл хонандагон аз таъмин набудани мизу курсӣ, технология ва дигар лавозимоти дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ танқисӣ мекашиданд. Аммо, ба ин ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда, ба омӯзиш мароқ зоҳир намуда, бо дониши мукаммал ва иродаи қавӣ ба донишгоҳҳои Олии кишвар ройгон дохил мешуданд.
Хушбахтона, имрӯз бошад бо шарофати Истиқлолият ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти Олии кишвар дар ҳама муассисаҳои миёна ва Олии кишвар шароитҳо муҳайё гардидаанду бархе аз хонандагон аз омӯхтан худро канора гирифта, дилбохтаи телефонҳои мобилӣ, шабкаҳои иҷтимоӣ ва дигар технологияҳо шудаанд, ки бо чунин раванд ояндаи худро тира месозанд.
Дар инҷода, коллективи омӯзгорон ва падару модаронро мебояд корбариро дар ин самт ҷоннок намуда, садди роҳи муааммоҳо дар боло зиркгардида шуда, фарзандонро ба омӯзиш, иқдомҳои бунёдкорона ва дӯст доштани меҳан ҷалб намоем. Итминони комил дорем, ки омӯзгорон, масъулони соҳаи маориф, волидайн, сухунаҳои Пешвои миллатро, ки дар Паёмашон ироа намуданд, сармашқи кору зиндагӣ намуда, барои тарбияи фарзандони солеҳу меҳанпараст, нақши муассири худро мегузоранд.
Саидбек ХОЛБЕКОВ
директори МТМУ №16
аъзои гурӯҳи тарғиботии
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ