Рубрики
Last News

Фаъолияти солонаи пурсамар

     Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар толори маҷлисгоҳи МИҲД-и ноҳия доир гардид. Дар кори ҷаласа Раиси ноҳия Давлатзода Зафарбек, Раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон иштирок намуданд. Инчунин дар маҷлиси ҷамъбастӣ раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои  ибтидоӣ, вакилон, аъзоёни Шӯрои собиқадорон, аъзои Шӯрои занон ва ҷавонон, роҳбарони  корхонаю  муассисаҳо ва фаъолони ҳизб  низ ширкат варзиданд.                             

Раиси Кумитаи иҷрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Анварзода Амирҷон маҷлисро ҳусни ифтитоҳ бахшида, оиди масъалаи аввали рӯзномаи маҷлис «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти кумиҷроияи ноҳиявӣ дар соли 2020 ва вазифагузориҳо барои соли 2021» муфассал шарҳ дод.

         Сипас Ҷӯраева М.-раиси Шӯрои собиқадорон, Каримова Дилрабо – вакили ноҳиявӣ, Набиев Мӯҳсинҷон – аъзои фаъоли ҳизб аз беморхонаи  марказии ноҳия  ба музокира баромада, ба фаъолияти кумиҷроия баҳои қаноатбахш доданд.

     Баъдан Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек баромад намуда, зикр кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” ва фаъолияти дурусти хеш дар ҳама ҷабҳаҳои ҷомеа  ба розу ниёзи мардум наздик будан, ба ҳизбе мубаддал гашт, ки онро метавон ба куллӣ ҳизби халқӣ номид.  Барои ноил шудан ба мавқеи сиёсӣ, сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун маҳаки асосӣ эътироф шуда, мавқеи мо – аъзоёни ҳизбро барои дарки масъулият дар назди халқи азизамон ва Сарвари давлат дучанд мегардонад. Истифода аз фурсати муносиб Раиси ноҳия аз ҳамаи фаъолон хоҳиш намуд, ки баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ чораҳои зарурӣ андешанд.

     Сипас сухан ба раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дода шуд, ки он кас дар баромади худ зимни ёдоварӣ аз дастовардҳои  фаъолияти Кумиҷроияи ноҳиявӣ, бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла ҳар чӣ бештар ҷалб намудани шахсони арзандаю пешқадам ба сафи ҳизб, зиёд намудани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  маслиҳатҳои муфид доданд.   Зеро  ғояҳои созандаи ҳизб дар байни омма маҳз тавассути ташкилотҳои ибтидоӣ амалӣ мегарданд.

      Дар анҷоми ҷаласа  аъзои фаъоли ҳизб, раиси ташкилоти ибтидоии ҶСК ба номи “С.Ӯрунхӯҷаев” Қодиров Азамат барои фаъолияти пурсамар дар соли 2020 бо  медали ҷашнии ҲХДТ қадрдонӣ карда шуд. Инчунин,  бо Сипосномаҳои кумитаи иҷроияи вилоятӣ  ва кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ фаъолон қадрдонӣ карда шуда, ба аъзоёни тозаинтихоб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *