Рубрики
Last News

ФЕЛЕШМОБ ДУШАНБЕ ХОНАИ УМЕДИ ҲАМАИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН

Бахшида ба Рузи пойтахт мутобиқ ба дастури Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кумиҷроияи вилоятӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон” Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд чорабинии флешмоб таҳти унвони “Душанбе хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон” доир гардид. Дар ин чорабинӣ аъзои фаъоли ин ташкилоти муқтадир аз кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ширкат дошта, дар баробари акси хотиравӣ гирифтан, дар васфи пойтахти кишвар шеърҳо қироат карданд. Гуфта шуд, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе маъвои дили ҳар як сокинони мамлакат буда, солҳои охир ба як шаҳри сабз ва ормонҳо табдил ёфтааст. Пойтахти фарҳангӣ эълон гардидани шаҳри Душанбе дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҷойгоҳи ин шаҳри зебоманзарро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *