Рубрики
Uncategorized

ФУРСАТИ МУАЯЙН КАРДАНИ МАВҚЕЪ РАСИД

Бо мақсади  фаҳмонидани нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, ҷалби аъзо ба сафи ҲХДТ дар Муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Хуҷанд  бо устодону варзишгарони муассиса мулоқоти кормандони кумитаи иҷроия Зеварой Бобоева ва Исмоил Латипов доир гардид.

Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат нисбати фаъолияти ҷавонон ва варзишгарон аст, ки соҳа дар ҳоли пешравӣ қарор дорад. Дар Паёми Сарвари давлат омадааст, ки агар дар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 1000 майдону толорҳои варзишӣ фаъолият дошта бошад, пас ин рақам дар ҳоли ҳозир ба 12 ҳазор адад расидааст. Шароити хуби машқу тамрин барои варзишгарон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат муҳайё гардидааст. Бояд варзишгарон аз ин шароити мусоид фароҳам истифода барад.

Дар идомаи мулоқот баромадкунандагон аз нақш ва мақоми ҲХДТ дар ҷомеа ҳарф зада, зикр намуданд, ки имрӯз аъзои ҲХДТ аз сарҳади 500 ҳазор гузаштааст. Бинобар ин фурсате омадааст, ки варзишгарон низ мавқеи худро муайян кунад. Ба онҳо нуктаҳои оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ бо мисолҳои мушаххас фаҳмонида шуд.

Варзишгарон ва роҳбарияти муассиса омодагии худро барои ба сафи ҳизб шомил шудан баён доштанд.

Чунин мулоқотҳо дар рӯзҳои наздик дар дигар мактабҳои варзишии шаҳри Хуҷанд идома дорад. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *