Рубрики
Last News

“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҷиҳати иҷрои саривақтии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.02.2021 дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии  “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва дастури кумитаи марказии ҲХДТ ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд тасмим гирифт,ки як силсила чорабиниҳоро баргузор намояд. Санаи 2.04.2021 дар доираи чунин чорабиниҳо  мизи мудаввар таҳти унвони “Китоб ганҷи бебаҳост” бо иштироки ихлосмандони китобу китобхона,иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии  “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва хонандагону донишҷӯёне, ки хоҳиши иштирок дар ин озмунро доранд,  баргузор гардид.  Нахуст чорабиниро муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова ифтитоҳ бахшид ва ҳадафи баргузории мизи мудавварро баҳри  афзудани завқи китобхонӣ дар дили ҳар як иштирокчиён, тарбияи одоби ҳамидаи инсонӣ дар ниҳоди хонандагону донишҷӯён, бой гардидани захираи луғавии наврасону ҷавонон ва бад-ин васила тарбияи маънавии наврасону ҷавонон арзёбӣ намуд.

Чорабинӣ бо қироати ифоданоки  шеърҳо,баёни таассурот аз озмунҳои ҷумҳуриявӣ, андешаронии иштирокчиёни минбаъдаи озмун ва бо мубодилаи афкори тарафайн сурат гирифт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *