Рубрики
Uncategorized

ХАЛҚИ ОЛАМ ДУСТ БО МО ГАШТААНД…

Бояд зикр намуд, ки халқи тоҷик аз қадимулайём халқи дустпарвар меҳмоннавоз будаанд. Адиби сулҳпарвар пайвандгари Халқҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна, Мирзо Турсунзода, ки дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон баргузор шуда истодааст ҳамеша дустиро васф менамуданд.

Дуст ояд гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби Тоҷиконро гум макун.

Халқи олам дӯст бо мо гаштаанд,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум акун.

Дар даврони Истиқлолият Тоҷикистон чун кишвари озоду мустақил қадамҳои устувор гузошта, бо тамоми мамолики ҷаҳон аз ҷумла кишвари ҳамсоя дӯст Узбекистон равобиту дӯстии худро рӯз аз рӯз тақвият ва таҳким бахшида истодааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки ба шарофати талошҳои роҳбарони ду кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев равобити дустӣ ба даст омадааст. Бо ташаббуси КИ ҲХДТ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳии 20-солагии Истиқлолият консерти сарояндаи Узбекистон Севинч Муъминова бо ном “Шоми дӯсти” баргузор гардид, ки зиёда аз 15-ҳазор нафар мухлисон иштирок намуданд. Дар оғози консерт панҷ нафар сарбозон Каримов Муҳаммадҷон, Маънонов Мирзошавкат, Самадов Абдуғанӣ, Қосимов Дилшод, Шарипов Фирдавс, ки моҳи майи соли 2021 сарбландона адои хизмат намуданд бо туҳфа ва сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд сарфароз гардиданд. Сипас сарояндаи Узбекистон Севинч Муъминова бо сурудҳои диновозу дилошубаш таъби мухлисонро болида намуда, ба ҳамагон фараҳ бахшид. Ҳамчунин дар консерт Лутфулло Ҳоҷимуродов ва Бузургмеҳри Субҳиддин суруд хонданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *