Рубрики
Асосӣ

ХИЗМАТ БА ВАТАН ОИНИ ҶАВОНМАРДИСТ!

06 феврали соли 2023 бо ибтикори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  сабти барномаи телевизионии Назаре ба оина бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “ХИЗМАТ БА ВАТАН ОИНИ ҶАВОНМАРДИСТ!” дар қисми низомии 3501-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

         Нахуст, дар даромадгоҳи қисми низомӣ собиқадорон, ҷанговарони интернасиолист, иштирокчиёни сохти Конститутсионӣ, собиқадорони ВКД, фаъолзанон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”- ро сарбозон бо парчамҳои давлативӣ пешвоз гирифтанд. Сипас, дар лавҳаи шаҳидон гулчанбар аз тарафи роҳбарият ва меҳмонон гузошта шуда аз шароити бурду бошти сарбозон ва афсарон дидан намуданд.

Чорабиниро командири қисми низомӣ майор Халилзода Баҳодур Ҷума ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон дод.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни суханронии худ қайд намуд, ки имрўз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, қудрату маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёде дорад. Инро машқҳои якҷояи артишҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки кишвари мо низ узви он аст, борҳо нишон дода, сазовори баҳои баланд гардидани қобилияти афсарону аскарони Артиши миллии мамлакат исбот мекунад. Вазифаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими соҳибистиқлолии давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд. Алҳол пешорӯи мо иҷрои рисолати бузурги шаҳрвандӣ – таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва фазои устувори сиёсӣ дар мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ қарор дорад.

Баъди ҷамъбасти қисми тантанавӣ як қатор афсарону сарбозони қисми низомии мазкур бо Сипоснома, номаи миннатдорӣ ва тӯҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар вилоят Суғд қадршиносӣ гардиданд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки сарояндагону ҳунармандони ҷавон омода гардида, аз ҷониби аҳли фарҳанг пешкаши иштирокчиён гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *