Рубрики
Uncategorized

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавонони бонангу номуси меҳан, мардонагӣ, мактаби далериву зиракӣ, мактаби шуҷоатмандӣ хизмати пуршарафона мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонон шуҷоатмандиву мардонагӣ, далериву зиракӣ ва содиқона муҳофизат кардани марзу буми Ватанро меомўзанд.

Имрӯз дар қатори дигар ҷавонони Ватандӯсти кишвар, ҷавонони баномусу барои ноҳия бо муҳаббати воло ва ҳисси баланди мардонагӣ, ихтиёрӣ баҳри хизмати Ватан омадаанд ва хушбахтона сол аз сол сафи чунин ҷавонмардон зиёд шуда истодааст, ки аз баланд гардидани ҳисси ватанпарастии онон гувоҳӣ медиҳад –иброз намуданд масъулини комиссариати ҳарбии ноҳияи Айни.

Дар ҷараёни сафарбаркунӣ аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” таҳти шиори “Ба Ватан содиқона хизмат мекунам” бо даъватшандагон мулоқоту аксияҳои тарғиботӣ доир намуда, барои софдилона адо намудани хизмати Ватан-Модар муваффақиятҳои беназирро таманно карданд. Маврид ба таъкид аст, ки баҳри дар сатҳи баланд доир гардидани маъракаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар назди Қасри фарҳангӣ ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳия бо иштироки бевоситаи раиси ноҳия чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор карда шуд, ки даъватшавандаҳо, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва “Пайравони Пешвои миллат” бо шодиву нишоти хеш, ба барнома шукуҳи тозаро зам намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *