Рубрики
Асосӣ Мақола

Хизмат ба Ватан шарафмандист

   н.Б.ГАФУРОВ: Дар  ҷаҳони зудтағирёбанда ҳар фарди ватандӯсту худшиноси кишварро зарур аст, ки огоҳонаву пайгирона хидмати артишро арҷгузорӣ намояду онро ҳамчун арзиши муҳими ҳаёт барои ҷавонон таблиғ намоянд. Осудагиву осоиши имрӯзаи кору фаъолияти ҳар шаҳрванди кишвар , новобаста аз он ки он дар кадом арсаи ҷомеа адои вазифа мекунад ё соҳибкор асту дар дигар соҳоти ҷамъият фаъолият менамояд, бояд дарк намояд, ки бедорхобию ҳушёрии сарбозон ва ниҳодҳои дигари муҳофизи Ватан кафили асосии суботи ҷомеа ва давлат мебошад. Саркашӣ кардан аз хидмат ё фирор кардан аз он ,нодида гирифтани ҳифзи Ватан ва Модар мебошад. Дар фарҳанги мо ҳифзи марзу бум ва дар роҳи ҳифзи Модар – Ватан ҷоннисорӣ намудан аз арзишҳои муҳими маънавӣ ба ҳисоб меравад.

   Оиди ин мавзӯъ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ба монанди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифродгаро бо иштироки мудири шуъбаи занони КИВ ҲХДТ Заррина Раҳмон , намояндагони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ бо  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 7 ва № 55 мулоқот доир гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *