Ҳар як дастовардҳое, ки мо имрӯз аз баракати истиқлолият ба даст овардаем, бароямон осон ба даст наомадааст. Сари ҳар қадам ҳадафи манфиатҷӯёни беруна қарор гирифтаем, ки дар амалишавии нақшаҳои нопок ва кирдорҳои бадхоҳонаашон ҳатман фарзандони худфурӯшу хиёнаткори миллати худамонро истифода мебаранд.Он вазъияте, ки дар Бадахшон рух дод, аз рӯйи нақшаҳои хоинони миллат, ки аз хориҷа истода мехоҳанд, вазъи ороми Ватанамонро ноором созанд.
Аз тамошои филми “Шикасти фитна” ҳар як шахси ватандӯсту хештаншинос бояд хулоса барорад, ки бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад.
Хиёнати Алим Шерзамонов, Муҳаммадбоқир Боқиров, Холбаш Холбашов ва Улфатнисо Мамадшоеваро ҳеҷ гоҳ мардуми тоҷик намебахшад. Ин шахсони дар боло зикршуда оғоз ва саркардаҳои рӯйдоди ғамангези дар ВМКБ рухдода мебошанд.
Магар оромию сулҳу суботи Ватан нарх дорад, ки ин зархаридони хоҷагони хориҷӣ ба як пули ночиз фирефта шуда, даст ба хиёнат заданд. Такрор бошад ҳам, бори дигар мегӯем, ки хиёнат ба Ватан гуноҳи нобахшиданист.
Ибтидои Ватан аз гаҳвора ва шири поки Модар сарчашма гирифта, ҳар як зарраи хоки он азизу муқаддас аст.Ҳизбиён ва мардуми шарафманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтори хоинонаи ин гуна ашхоси хиёнаткорро маҳкум намуда, ба инҳо шадидан нафрат мегӯяд.Заҳр бодо шири модар ба чунин хоинони миллат ва маслакгумкарда.
Рафтори разилонаи ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша барои бархе аз ҷавонон, бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад.
Раиси КИ ҲХДТдар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Анварзода Амирҷон