Рубрики
Uncategorized

ХОНЕД БА БАЗМИ ОШИҚӢ НОМАИ МАН

            Ин рӯз дар саросари Панҷакент сухан аз Лоиқ буд ва шеъри ӯ дар ҳар кӯю барзан ба гӯш мерасид.

            … Субҳ кӯдаке шеъри Лоиқро замзамакунон ба боғча мерафт…

             Дар донишкадаю коллеҷҳо, мактабҳо  бо шеъри Лоиқ дарсҳо оғоз мешуданд…

                        Пайки нахустини  ҷашнвораи 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ насби Кохи Лоиқ дар пештоқи бинои хуштарҳу зебои хиёбони Рӯдакии шаҳр буд, ки дар саҳни он муҷассамаи устод Лоиқ  дар сари санге китоб дар даст ҳаводорони ашъори нобашро аз саросари мамлакат ва хориҷи он пазироӣ менамуд.

              Хеле рамзӣ аст, ки субҳи рӯзи 18 май ҷашни Лоиқ бо ифтитоҳи фурӯшгоҳи китоби нашриёти “Адиб” дар саҳни Кохи Лоиқ оғоз шуд. Воқеан, даҳҳо нафар ин рӯз китоб хариданд ва ҳарчи боқӣ монд бо дастури раиси адабпарвари шаҳр Абдухолиқ Холиқзода барои китобхонаҳои шаҳр харидорӣ шуд.   Ба шаҳодати адибон ва дӯстон устод Лоиқро  фарҳанги  зиндаи забони ноби  форсӣ- тоҷикӣ медонистанд ва ҳамаи ин ҳосили мутолиа ва дӯстӣ бо китоб буд.

             …Дар саргаҳи Панҷакент, дар деҳаи Киштӯдак  вақте меҳмонони ҷашнвора аз мошинҳо поин шуданд, онҳоро бо нону намак, садои карнай ва шеъри устод Лоиқ пазироӣ намуданд. Байни меҳмонони ҷашнвора аз Душанбею Хуҷанд ва Самарқанд чеҳраҳои шинос –   муовини раиси вилояи Суғд Зайнура  Азимӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғоиб, академик Акбари Турсон, адабиётшиноси барӯманд Абдунабӣ Сатторзода, нависандаи чирадаст Юнус Юсуфӣ, Маъруф Бобоҷон, олим ва яке аз пуштибонҳои ҷасури  забони тоҷикӣ дар  Ӯзбекистон Амина Шарофиддинова  ва даҳҳо нафари дигар буданд.

             Дар Ғӯсару Мазори Шариф, дар пояи муҷассамаи устод дар зодгоҳаш, дар хона- музеи шоир низ  сухани меҳмонон ва мизбонон аз Лоиқ буду шеъри Лоиқ.

            Дар бораи вежагиҳои шеъри Лоиқ, ҷойгоҳи ӯ дар шеъри ҳавзаи забони форсӣ таҳқиқотҳо зиёданд, вале ба таъкиди муҳаққиқи номвари адабиёт Абдунабӣ Сатторзода ин ҳанӯз оғози кор аст. Дар толори Кохи Лоиқ  маърӯзаю гузоришҳои  олимон, муҳаққиқони адабиёт, аҳли зиёи Панҷакент  дар конфронси илмӣ  аз ҳамин буд.

             …Шоми ин рӯз саҳни Кохи Лоиқ чароғон буду гулафшон. Боз ҳам сари забонҳо шеъри Лоиқ буд ва ин навбат бо садои ширадору гӯшнавози  худи шоир:

                         Хонед ба базми ошиқӣ номаи ман,

                         Пӯшед ба қомати сиҳӣ ҷомаи ман.

                          Сар пои сутуни ростӣ буда маро,

                          Созед сутуни хонае хомаи ман.

             Ба ростӣ, ин шоми зебо  хомаи Лоиқ сутуни хонаи дили ҳазорон нафар ҳамдиёрон буд, ки саҳни Кохи Лоиқ ва қисмати хиёбонро низ бо ҳузури худ гулафшон карда буданд.

             Дар сухани ифтитоҳӣ ва муборакбодии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура  Азимӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аз сиёсати муваффақи фарҳангии Пешвои миллат, ки арҷгузорӣ ба фарзандони фарзонаи миллат дар меҳвари он қарор дорад,  ҷойгоҳи устод Лоиқ дар адабиёт сухан рафт.

              Матни ҳама сурудҳое, ки санъаткорони барӯманди мамлакат Давлатманд Холов,  Афзалшо Шодиев, Хосияти Зарафшонӣ,  Лола Азизова,  Чиллахон Холов,  Субҳон Ҳайдар ва ҳунармандони Панҷакент пешкаши иштирокчиёни ҷашнвора намуданд , аз ашъори устод Лоиқ буд. Байни ҳунарнамоии онҳо меҳмонони ҷашнвора- шоирони барӯманд ва адибони ҷавон  дар бораи устод Лоиқ сухан гуфтанду шеър хонданд.

             Шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ва  Ҳақназар Ғоиб ба таъкид гуфтанд, ки чунин базм ва  чунин эҳтиром гузоштан ба шеъру шоирро бори нахуст мушоҳида мекунанд.

             Дар анҷоми ин базми шеъру суруд раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо камоли ҷавонмардӣ ва эҳтиром собиқ раисони шаҳр Шакарбек Самадов,  Ислом   Шафеиён ва писари устод Лоиқ Диловари Шералиро ба саҳна хонд, ба онҳо  ва меҳмонони ҷашнвора барои ин шоми офтобӣ ва ба ҳамдиёрон , ташкилоту муассисаҳо барои   дастгирии иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  ҷиҳати таҷлили  80- солагии Шоири халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ Шералӣ арзи сипос намуд.

            …Бешак, ин рӯз рӯҳи устод Лоиқ дар самои Панҷакент пар мезад ва тарраннум мекард:

                           Туӣ буду набудам, миллати ман,

                            Туӣ самти суҷудам, миллати ман.

                            Суруди умри ман поён пазирад,

                            Ту мехонӣ сурудам, миллати ман.

                                

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *