Хеле рамзист, ки дар соли 2023 дарси нахустини “хониши сиёсӣ” дар мавзӯи “Аз Паём то Паём” бо таҳлилу баррасии Паёми ироагардидаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар оғоз гардид.
Дарси имрӯза бо иштироки бевоситаи Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва кормандони кумиҷроияи вилоятиву шаҳрӣ доир гардид.
Аҳмияту моҳият ва мазмуни паёми навбатии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро номзади илмҳои таърих, дотсент, декани факултаи таърих ва ҳуқуқи МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Иброҳим Ҷабборов шарҳу тавзеҳ дод. Номбурда доир ба мӯҳтавои паёмҳои ҳамасолаи Сарвари давлат изҳори ақида намуд. Зикр кард, ки ҳамаи нуктаҳои дар Паём ироагардида, илман асоснок шуда, ифодагари давлати демократӣ будани кишварамонро дорад.З
Зимни суханронӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон таъкид дошт, ки Паёми Сарвари давлат ҳамчун дастури раҳнамоӣ ба аҳли ҷомеа бошад. Зеро он фарогири таҳлили соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатамон дар қиёс ба 5 соли пешин аст.
Маврид ба зикр аст, ки ҳафтае як маротиба дар назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд “Хониши сиёсӣ” амал мекунад, ки дар он донандагони касби хеш дарс хоҳанд гуфт.