Рубрики
Last News

ХОНИШИ СИЁСӢ : КИТОБ БЕҲТАРИН ГАНҶИНАИ ҲАСТӢ

Санаи 21 апрели соли равон тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Кумиҷроияи шаҳрӣ дар мавзӯъи “Китоб-беҳтарин ганҷинаи гавҳари ҳастӣ” Хониши сиёсӣ ба роҳ монда шуд. Рӯй овардан ба китоб, китобхонӣ ва интишори китоб аз сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ин ташаббус ва ибтикороти Сарвари давлат аз дониши васеъ ва огоҳии комил аз таърихи тамаддуни олам, назари фароху завқи баланди эшон дарак медиҳад. Маҳз дарки баланди масъулият ба ояндаи пуршараф, пурмазмун ва пурмаънои мардуми Тоҷикистон Пешвои миллатро водор намуд, ки ба маънавияти ҳамватанони хеш таваҷҷуҳ намоянд ва ба баланд бардоштани маърифати ҷомеа, хосса ҷавонону наврасон эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ин ибтикороти Пешвои миллат амали таърихист, ки натиҷаҳои нек ба бор хоҳад овард.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *