Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки кормандони кумиҷроияи вилоятиву шаҳрӣ “Хониши сиёсӣ”-и навбатӣ дар мавзӯи “Коррупсия-зуҳуроти номатлуби ҷомеа” баргузор гардид.
Дарси имрӯза бо иштироки муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мансурӣ Замира ва лейтенанти калони адлия, сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Умарзода Пайрав баргузор шуд.
Нахуст, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ сухани ифтитоҳӣ намуда, ҳузури меҳмонро бо аҳли нишаст шинос намуд.
Сипас, Пайрав Умарзода лейтенанти калони адлия, сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир ба мафҳуми коррупсия маърӯза намуда, зикр дошт, ки коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст.
Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад. Фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.Ин аст, ки барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан бо фаъолияти коррупсионӣ 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул карда шуда, рӯзи 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат барои ҳамроҳшавии дигар давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид. Ҳамин тариқ санаи 9 декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» пазируфта шуд.
Қобили зикр аст, ки дар кумиҷроияи вилоятӣ ҳафтае як маротиба “Хониши сиёсӣ” баргузор мегардад, ки дар он мутахассисони касбии соҳаҳои гуногун барои сайқал додани дониши сиёсии кормандон дар мавзӯъҳои мубрами рӯз маърӯза менамоянд.