Рубрики
Асосӣ

Хониши сиёсӣ: МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ?

      Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд хониши сиёсии навбатӣ доири мақолаи таҳлилии рӯзноманигори варзида, коршиноси муваффақи байналмиллалӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Абдулоҳҳи Раҳнамо таҳти унвони  “МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ?” бо иштироки сармуҳаррири рӯзномаи “Сухани халқ” Абдусабури Абдуваҳҳоб ва донишҷӯёни макотиби олӣ  баргузор гардид.

       Сароғоз, Замира Мансурӣ, муовини  Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд доири масоили марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар вазъияти ҳассоси сиёсӣ, ки абарқудратҳо ҷудратталабиро дар сиёсати хеш дар мадди аввал мегузоранд, бояд ҳар як ҷавон дорои дониши қавии сиёсӣ ва ақидаи худ устувор  дошта бошад.

     Баъдан, сармуҳаррири рӯзномаи “Сухани халқ” Абдусабури Абдуваҳҳоб доири мақолаи Абдулоҳҳи Раҳнамо маърузаи пурмӯҳтаво намуд. Қайд карда шуд, ки дар фосилаи таърих ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон се маротиба: солҳои 1948, 1957 ва 1989 кўшиши қонунӣ гардонидани 211 ҳазор гектар заминҳои замоне ба иҷрора гирифтаашонро намуда, муваффақ нашуданд ва бо ҳуҷҷатбозиҳои сохта имрўз даъво пеш меорад, ки Тоҷикистон дар ғасби заминҳои бобоии онҳо даст дошта, барои барангехтани низоъ аз ҳама имкониятҳо истифода мебаранд. Аммо, воқеияти ҳол нишон дод, ки дар муноқишаҳо тоҷикон не, балки қирғизон манифатдоранд, ки ҷанг шаваду ба чор сўи олам нишон диҳанд, ки Тоҷикистон ба онҳо зўрӣ мекунад. Мо кишвари заминбохтаем, на таҷовузгар. Барои кишвари мо як ваҷаб замини ҳамсоягон лозим не, аммо заминҳои бобоии худро, ки даҳ маротиба аз Душанбе шаҳри имрўза калонтар аст, хоҳем гирифт.

    Инчунин, миёни иштирокчиён ва сармуҳарири рӯзномаи “Сухани халқ” суолу ҷавоб баргузор гардид. Мирзокомил Комилов устоди ДДҲБСТ ба роҳбарияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд миннатдории худро бобати ташкили чунин хониши сиёсӣ, ки саривақтӣ мебошад баён намуд ва қайд кард, ки имрӯз мо бояд аввал худамон аз таърихи кишвар бохабар бошему дониши мусаллаҳ дошта бошем. Бобоназарова Нозанин, донишҷӯи курси 1 донишгоҳи  ДДҲБСТ низ баён дошт, ки мо ҷавонони некбахти Тоҷикистони азизу биҳиштосо, пайравони Пешвои муаззами миллат умед бар он дорем, ки баъди ин далелҳои расмӣ, Ватани мо заминҳои худро бозпас хоҳад гирифт. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта буданд: “Мо тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои бостонии дунё дар тӯли таърих тамоми мушкилоту масъалаҳои пешомадаро бо ақлу хирад, солориву тамкин ва сабру таҳаммул ҳаллу фасл кардаем.”

     Бояд тазаккур дод, ки ҳафтае як маротиба дар назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Хониши сиёсӣ дар мавзуъҳои мубрами рӯз баргузор мегардад, ки дар он донандагони касби хеш маърӯзаҳои пурмӯҳтаво менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *