17 январи соли 2024 дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки кормандони кумиҷроияи вилоятиву шаҳрӣ нахустин хониши сиёсӣ дар соли 2024 дар мавзӯи “Роғун арсаи мардонагист! ”баргузор гардид.
Дар оғоз мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирмуллоев Назирҷон аҳли нишастро шодбош намуда, устодро муаррифӣ намуд.
Сипас, докторанти курси 1-уми ихтисоси энергетикаи электрикии ДПДТТ ба номи Муҳаммадҷон Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Муҳсин Ҷураев доир ба мавзуи болозикр маърузаи пурмӯҳтаво намуд.
Зикр намуд, ки НБО «Роғун» яке аз иншоотҳои азими Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Тавре, ки мо медонем корҳои барқароркунии сохтмонӣ дар НБО «Роғун» аз соли 2009 оғоз гардида буд. Чунин як лоиҳаи бузурги энергетикӣ дар кишвар ҳанӯз охири солҳои 70-уми асри гузашта шурӯъ шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун нотамом монд. Аслан Роғун ном гирифтани ин неругоҳ аз номи деҳае бо номи Роғун сарчашма мегирад. Роғун нангу номус ва ифтихори миллати тоҷик аст.
Бо бунёди НБО «Роғун» Тоҷикистон истиқлоли энергетикиашро ба даст оварда метавонад. Ба кор андохтани НБО «Роғун» ягона роҳи бадастдарории истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Ин нерӯгоҳ пуриқтидортарин нерӯгоҳ дар Осиёи Миёна буда, иқтидори тавлидотии нерӯи барқи он 13.5 миллиард киловатро ташкил медиҳад.
Мардуми тоҷик чандин солҳо буд, ки аз набудани барқ азият мекашиданд ва иқтисоди кишвар ҳам аз бебарқӣ ҳисороти азиме дид. Сарбанди НБО «Роғун», ки баландии 335 метрро ташкил медиҳад, баландтарин сарбанд дар ҷаҳон мебошад.
Нерӯгоҳи НБО «Роғун» ва иқтисоди Тоҷикистон хеле муҳим аст ва моро аз вобастагии кишварҳои дигар раҳо мекунад.
Баъди ба истифода додани неругоҳ корхонаҳое, ки бо сабаби набудани барқ кор намекарданд ба истифода дода мешаванд.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се вазифаи стратегӣ: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва бехатарии озуқаворӣ матраҳ гашт. Имрўз босарбаландӣ гуфта метавонем, ки қадам ба қадам ҳадафҳое, ки дар доираи ин самтҳои рушд муайян гашта буд, ба иҷро расида истодаанд.
Дар охир миёни кормандон сӯҳбати озод гузаронида шуд.
Чунин иқдоми мазкур ҳафтае як маротиба дар кумиҷроияи вилоятӣ бо иштироки мутахассисони касбӣ дар мавзӯъҳои гуногун роҳандозӣ мегардад, ки барои сайқал додани дониши сиёсии кормандон мусоидат хоҳад намуд.