Рубрики
Last News

ХОНИШИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ДУШАНБЕ – ХОНАИ УММЕДИ ҲАМАИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН”

Санаи 14-уми апрели соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар назди Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии Ҷамоати деҳоти Ориён хониши сиёсӣ бо аъзоён ва кормандони муассиса бахшида ба эълон гардидани “Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳод 2021” доир гардид. Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода иштирок намуда, дар бораи таърих ва аҳамияти барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод”, инчунин оид ба баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон, тарбияи ватандустӣ ва бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ, даъвати ҷавонон барои адо намудани хизмати ҳарбӣ суханронӣ намуд. Инчунин аз рафти қабул ба сафи ҳизб ва дигар ҳуҷҷатгузориҳои ҳизбӣ дидан намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *