Рубрики
Асосӣ Мақола

Хониши сиёсӣ

Имруз дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкистон дар вилояти Суғд “Хониши сиёсӣ” бо иштироки собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Солиҷонов Нодирҷон баргузор гардид. Мавсуф дар мавзуи “Дирузу имрузи парлумони кишвар” маърӯза намуданд. Солиҷонов Нодирҷон муаллифи китобҳои зиёд буда, дар рафти хониш аз нуктаҳои китоби “Ҷомеаи Соҳибистиқлол” низ ёдовар гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд “Хониши сиёсӣ” ҳафтае як маротиба, рӯзи чоршанбе бо иштироки олимону муҳаққиқон доир мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *